Амиршо Миралиев, роҳбари собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва раиси пешини вилояти Хатлон даргузашт

Амиршо Миралиев, роҳбари собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва раиси пешини вилояти Хатлон, дар яке аз беморхонаҳои давлати Туркия вафот кард. Далери Абдулло, рӯзноманигори тоҷик, бо такя ба гуфтаҳои пайвандонаш дар ин бора иттилоъ дода, таъкид кард, ки Амиршо Миралиев аз бемории сутунмӯҳра ранҷ мебурд. “Як ҳафта пеш барои табобат ба Туркия рафта ва дар яке […]

Asia-Plus

Амиршо Миралиев, роҳбари собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва раиси пешини вилояти Хатлон, дар яке аз беморхонаҳои давлати Туркия вафот кард.

Далери Абдулло, рӯзноманигори тоҷик, бо такя ба гуфтаҳои пайвандонаш дар ин бора иттилоъ дода, таъкид кард, ки Амиршо Миралиев аз бемории сутунмӯҳра ранҷ мебурд.

“Як ҳафта пеш барои табобат ба Туркия рафта ва дар яке аз бемористонҳои Истамбул ҷарроҳӣ шуда буд. Пас аз ҷарроҳӣ нисфирӯзии имрӯз аз олам гузаштанд”, – гуфт Далер Абдулло.

Далер Абдулло афзуд, ки майитро шоми имрӯз ба Душанбе меоранд ва дар назар аст, ки пагоҳ, 7-уми декабр, дар ноҳияи Данғара ҷаноза карда, ба хок супорида шавад.

Шарҳи ҳол:

Амиршо Миралиев соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист дар шаҳри Ленинградро (Русия) хатм кардааст.

Дар давраи Шӯравӣ то ба мақоми котиби якуми ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) расида буд. Аз соли 1994 то 2000 мушовири Президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо буд. Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва соли 2000 вакили парлумон интихоб шуд.

Соли 2001 раиси вилояти Хатлон таъйин шуд ва 5 сол ин вазифа кор кард. Соли 2006 раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъйин гардид. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз тарафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дигарбора вакили парлумон ва дар нахустин иҷлосияи он ҳайат муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Соли 2015 бознишаста шуд. Чанде баъд раиси Шурои мудирони “Соҳибкорбонк” ва раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон интихоб гардид.

Гуруҳи расонаҳои "Asia-Plus" ба пайвандону наздикони Амиршо Миралиев ҳамдардии амиқ изҳор карда, барояшон сабру шикобоӣ мехоҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.