Президент 4 додрасро аз вазифа озод кард. Яке барои паст задани шаъну эътибори додрас

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон як додрасро бинобар содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад, аз вазифа озод кард. Инчунин, 3 додраси дигар бинобар пурра шудани вақти дар вазифа буданашон аз кор озод гардиданд. Дар ин робита имрӯз фармони президент содир шуд. “Зайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинобар […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон як додрасро бинобар содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад, аз вазифа озод кард. Инчунин, 3 додраси дигар бинобар пурра шудани вақти дар вазифа буданашон аз кор озод гардиданд.

Дар ин робита имрӯз фармони президент содир шуд.

“Зайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад”, – омадааст дар фармони Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи манбаъ, инчунин Табарзода Изатулло аз вазифаи муовини додраси Додгоҳи вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрас будан аз кор озод карда шуд.

Илова бар ин, Юсуфзода Муҳаммадалӣ  ва Абдулғанизода Абдумонеъ, ду додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе бо сабаби дар боло зикршуда, аз вазифа озод шуданд.

То ҳол ба ҷои додрасҳои аз вазифа озодшуда, нафарони нав таъйин нашудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.