10 варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2023 муайян шуд

Asia-Plus

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2023-ро эълон кард.

Ба иттилои роҳбари Ассотсиатсия Нарзулло Латифов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони се намуд – бокс, ҷудо ва кураш дохил шуданд.

Ба даҳгона варзишгарони зерин шомил гардиданд:

Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Тошканд дар вазни то 63,5 кг, ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе;

Миҷгона САМАДОВА (бокс) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 57 кг, соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024;

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 81 кг,  ғолиби “Tоскӯлоҳи бузург” дар Остонаи Қазоқистон ва Гран-при дар Душанбе, барандаи медали биринҷии мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” дар Тошканд;

Давлат БОЛТАЕВ (бокс) – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 92 кг, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024, ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе;

Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни +100 кг, ҷоизадори нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешти Венгрия, соҳиби медалҳои нуқраи “Tоскулоҳи бузург” дар Остонаи Қазоқистон ва Гран-при дар Душанбе;

Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 73 кг, ҷоизадори нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешт, ҷоизадори биринҷии мусобиқоти Гран-прии Душанбе;

Хайрандеш МУРОДЗОДА (кураш) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 66 кг, ҷоизадори биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Ашқободи Туркманистон;

Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Tоскулоҳи бузург” дар вазни то 66 кг дар Тошканд;

Абӯбакр ШЕРОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни то 73 кг дар Одивеласи Португалия, соҳиби нишони нуқраи чемпионати Осиё миёни навҷавонон дар Тошканд;

Фариноз АБДУЛЛОЕВА (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон миёни духтарон дар вазни то 52 кг дар Еревани Арманистон, соҳиби медали биринҷии чемпионати Осиё миёни духтарон дар Остонаи Қазоқистон.

“Бояд гуфт, ки медали биринҷии Баҳодур Усмонов дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2023 дар риштаҳои олимпӣ мебошад. Бинобар ин, ӯ барои ин дастовардаш беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф гардид.

Инчунин Миҷгона Самадова, ки дар риштаи бокс барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ гардида, дар байни варзишгарони тоҷик соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 шуд, беҳтарин варзишгари сол дар миёни занон маҳсуб мешавад”, – иброз дошт раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов.

Дар мавод суратҳо аз АЖРВТ ва КМО ҶТ истифода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...