Тоҷикистон дар як моҳ ба Афғонистон қариб ба 2 млн доллар барқ фурӯхт

Дар моҳи ноябр Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млн доллар неруи барқ содир кардааст, ки қариб 46% зиёдтар нисбат ба моҳи пешин мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Аз оғози соли 2023 дар маҷмӯъ неруи барқи Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 107,7 млн доллар ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар моҳи ноябр Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млн доллар неруи барқ содир кардааст, ки қариб 46% зиёдтар нисбат ба моҳи пешин мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Аз оғози соли 2023 дар маҷмӯъ неруи барқи Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 107,7 млн доллар ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст, ки 5% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 аст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон танҳо бо ду давлат – Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи интиқоли неруи барқ дар соли 2023 қарордод ба имзо расонид.

Қаблан дар ҶСК “Барқи тоҷик” изҳор дошта буданд, ки содироти неруи барқ ба Ӯзбекистон танҳо дар давраи тирамоҳ сурат гирифта, интиқоли он ба Афғонистон дар давраи тирамоҳу зимистон низ идома меёбад, лекин дар ҳаҷми начандон зиёд “танҳо барои коршоям нигоҳ доштани зерсохтор”, зеро дар мавсими сармоя дар худи ҷумҳурӣ камбуди шадиди барқ эҳсос мешавад.

Дар ҳамин ҳол

Сокинони деҳоти ҷумҳурӣ аз даҳаи охири моҳи сентябр дар ҳаҷми маҳдуд – 5-6 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 19,9 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст, ки 3,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.

Соли ҷорӣ зиёда аз 95%-и неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва қисмати боқимонда – дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ва неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз аз 1 январ тарифҳо ба неруи барқ барои ҳамаи 10 категорияҳои истеъмолгарон, аз ҷумла барои аҳолӣ ба андозаи 16% зиёд мешаванд.

Истеъмолгарони маишӣ (аз ҷумла аҳолӣ) айни замон барои ҳар як киловатт-соат неруи барқ 26,51 дирам пардохт мекунанд. Аз 1 январи соли 2024 нархи 1 киловатт-соат неруи барқ барои онҳо то 30,75 дирам боло меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.