Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон озодии фаврии ҳомиёни ҳуқуқ ва рӯзноманигоронро хост

Asia-Plus

Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз Тоҷикистон даъват кард, ки ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва фаъолоне, ки дар маҳкумият қарор доранд, фавран ва бечуну чаро озод карда шаванд. Таъкид шудааст, ки онҳо дар рукнҳои ҳаётии ҳар як демократия нақши муҳими доранд ва ҳамчунин аз фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон изҳори дастгирӣ шудааст.

Ин даъват дар ҷараёни Муколамаи 14-уми ҳамасолаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳор шудааст. Дар ин бора дар иттилоияи  рӯзи 18 декабр нашршудаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар дода мешавад.

"Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз мавридҳои муносибати бераҳмона ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳои ин кишвар изҳори нигаронӣ карда ва аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки талошҳои худро барои ислоҳот дар низоми ҷазо идома диҳад", – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, дар рафтаи Муколама оид ба ҳуқуқи инсон Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон маҷмӯи васеи масоили мрабут ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии иттиҳодияҳову изҳори ақида, муҳит дар расонаҳо, озодии дину эътиқод, инчунин пешгирии шиканҷа, ҳуқуқи занон ва поймолкунии ҳуқуқҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин дархости Тоҷикистон ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба Системаи умумии имтиёзҳо (GSP+) ва ҳамкорӣ дар форумҳои бисёрҷониба низ баррасӣ шуданд.

Иттиҳоди Аврупо аз маҳдудиятҳои озодии иштироки сиёсӣ ва озодии баён, бахусус дар робита ба маҳдуд шудани фазои рӯзафзуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Аз нокофӣ будани тафтишоти нақзи ҳуқуқи башар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми рӯйдодҳо дар ВМКБ давоми солҳои 2021-2022 изҳори нигаронӣ шуда, зарурати ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таҳкими эътимод таъкид шудааст.

Ҷонибҳо ислоҳоти ҷорӣ дар қонунгузорӣ ва талошҳо барои таҳкими ӯҳдадориҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, инчунин зарурати қабули қарорҳои шаффоф ва фарогир дар асоси машварат бо ҷомеа, аз ҷумла оид ба лоиҳаҳои қонунҳои дахлдорро баррасӣ карданд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар Муколама роҳбари Раёсати кафолати ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Фирӯз Орзузода ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро –  роҳбари шуъба оид ба Осиёи Марказӣ дар Хадамоти аврупоии робитаҳои хориҷӣ Дитмар Крисслер роҳбарӣ кардаанд.

Даври навбатии Муколама оид ба ҳуқуқи башар байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон соли 2024 дар Брюссел баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...