Қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон маълум шуданд. Онҳо кистанд?

Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс, ки аз 12-ум то 17-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд, қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон маълум шуданд. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, дар мусобиқа, ки байни занону мардон доир шуд, 175 муштзан иштирок намуд, ки 57 нафари онҳоро занон буданд. Ҳамин тариқ, дар байни мардон […]

Asia-Plus

Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс, ки аз 12-ум то 17-уми декабр дар Душанбе баргузор шуд, қаҳрамонҳои нави бокси Тоҷикистон маълум шуданд. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, дар мусобиқа, ки байни занону мардон доир шуд, 175 муштзан иштирок намуд, ки 57 нафари онҳоро занон буданд.

Ҳамин тариқ, дар байни мардон Меҳроҷиддин Баротов дар вазни зери 48кг, Меҳрон Шафиев дар вазни зери 51кг, Меҳроҷ Зоҳидов дар вазни аз 54кг поин, Асрор Воҳидов дар вазни зери 57кг, Абубакр Муродзода дар вазни зери 60кг ва  Баҳодур Усмонов дар вазни аз 63,5кг поин қаҳрамони бокси Тоҷикистон шуданд.

“Ҳамчунин Саидикром Амонов (-67кг), Шаҳобхон Шукуров (-71кг), Мирзомуҳаммади Бахтиёр (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-80кг), Парвиз Каримов (-86кг), Баҳман Расулов (-92кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) байни мардҳо ба дарёфти унвони чемпиони Тоҷикистон дар соли 2023 даст ёфтанд”, – гуфтааст федератсияи бокси кишвар.

Қаҳрамонҳои бокс дар байни занон дар соли 2023 Сумайя Қосимова дар вазни зери 48кг, Рӯҳафзо Ҳақназарова дар вазни аз 51кг поин, Рухсора Қурбонова дар вазни зери 52кг, Фариза Ёқубова дар вазни аз 54кг поин, Дилдода Асақолова дар вазни зери 57кг, Дилноза Нуримова дар вазни зери 60кг, Мавзунаи Аҳмадҷон дар вазни зери 63кг, Малика Нозимова дар вазни зери 66кг, Мавлуда Одинаева дар вазни аз 70кг поин, Дилрабо Холмуродова дар вазни зери 75кг, Гуларус Шоева аз вазни зери 81 кг ва Фарзона Каримова аз вазни аз 81кг боло даст ёфтаанд.

Федератсияи бокси Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ низ туҳфа намуд. Аз ҷумла, ба барандагони медали тилло 5000 сомонӣ, нуқра 3000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 1000 сомонӣ тақдим шудааст.

Аз ҳисоби ғолибон тими мунтахаби Тоҷикистон таъсис ёфт. Онҳо дар мусобиқаҳои интихобии олимпӣ, ки нимаи аввали соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, инчунин дигар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки дар байни қаҳрамонҳои бокс Давлат Болтаев дар вазни зери 92кг ва Миҷгона Самадова дар вазни зери 57кг дар Бозиҳои Осиё роҳхати Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро ба даст овардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.