Тоҷикистонро 3 рӯз чангу ғубор фаро мегирад. Чӣ бояд кард?

Asia-Plus

Аз 19-ум то 21-уми декабр дар манотиқи ҷанубу марказии вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе вазъи ҳаво номусоид гардида, чангу ғубор мешавад, хабар медиҳанд обуҳавошиносони Тоҷикистон.

Ба иттилои Кумита ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ), чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад, ба баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ, заррачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм-2,5) оварда мерасонад.

Дар робита ба ин, КҲФ ба аҳолӣ тавсияҳо додааст, ки ин пеш аз ҳама ба шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ рабт дорад.

Тавсияҳои КҲФ

Ин ниҳод тавсия медиҳад, ки чунин шахсон зуд-зуд ҳавои хонаро тоза ва саломатии худро эмин нигоҳ доранд.

Ҳамзамон, КҲФ ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки дар чунин ҳаво пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд.

“Шахсони гирифтори бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия берун аз биноҳои истиқоматӣ бояд камтар гарданд. Ҳамзамон дар чунин вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки хонаи истиқоматӣ ва утоқҳои кории хешро тоза нигоҳ доранд”, – тавсия додааст КҲФ.

Ин ниҳод ҳамчунин, ба эҳтимоли рух додани ҳодисаҳои нохуш тавсияҳои иловагӣ додааст:

1. Бештар оби тоза бинӯшед. Дар як шабонарӯз на камтар аз 2-2,5 литр, аз он то 0,5 литр оби маъданӣ.

2. То ҳадди имкон тирезаҳоро пӯшед. Агар шумо аз ҳавотозакун  истифода кунед, пас бояд ба назар гиред, ки вазъи бадтари ҳаво дар субҳи барвақт аст, вақте ки тамоми чангу ғубори хатарнок дар қабати замин ҷамъ шудааст. Наздики нисфирӯзӣ сатҳи замин гарм мешавад ва дар зери таъсири ҷараёни баландшавии ҳаво чангу ғубор ба боло мебарояд. Илова бар ин, шумо метавонед тирезаҳои кушодро бо тӯр ё дока пӯшонед.

3. Тавсия дода мешавад, ки дар хона тамизкории тар анҷом дода, кӯшиш кунед, ки ҳавои хонаро намнок кунед, то луобпардаи бинӣ хушк нашавад. Махсусан бинӣ ва даҳонро бештар шӯед.

4. Дар ин давра ба хотири ҷилавгирӣ аз мушкилоти чашм пизишкон пӯшидани линзаҳои контактиро тавсия намедиҳанд. Илова бар ин, агар чашмҳо аз ҷузъҳои чанг зарар бинанд, онҳоро бо доруҳо, аз қабили қатраҳои сунъӣ ё табиӣ шустан лозим аст.

КҲФ гуфтааст, дар сурати рух додани ҳолати фавқулодда  бо рақами 112 ё маркази тамоси КҲФ бо телефонҳои 223-13-11, 93 880 28 19 тамос гиранд.

Ин дуввумин тӯфони зимистони имсола хоҳад буд.

Дар моҳи равон ин аввалин тӯфони чангу ғубор дар кишвар нест. Он рӯзи 8-уми декабр дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва Душанберо фаро гирифта буд.

Дар се даҳаи ахир теъдоди тӯфонҳои қуму чанг дар Тоҷикистон беш аз 10 маротиба афзоиш ёфтааст, зикр мешавад дар як пажӯҳиши ахири гурӯҳҳои миллии коршиносон дар Осиёи Марказӣ.

Дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон, афзоиши назарраси рӯзҳои тӯфони чангу ғубор мушоҳида шудааст. Агар дар ибтидои солҳои 90-ум ҳамагӣ 2-3 ҳолати тӯфони қуму чанг ба қайд гирифта шуда бошад, дар айни замон чунин падидаҳо дар як сол зиёда аз 35 маротиба ба қайд гирифта мешаванд.

Ба гуфтаи коршиносон, дар Тоҷикистон 4,1 дарсади тамоми қаламрави кишварро минтақаи хатарнок ташкил медиҳад, ки беш аз 560 ҳазор гектар заминро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...