Дар Петербург наврасон боз як муҳоҷири тоҷикро лату кӯб карданд

Asia-Plus

Тахминан соатҳои 16-и рӯзи 24 декабр як боррасон (курйер) – шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон ба мақомоти пулиси ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат кард.

Ӯ изҳор намуд, ки вақте фармоишро ба як суроға дар хиёбони Витебский мебурдааст, чор нафар ҷавонон ба ӯ дарафтода, лату кӯб кардаанд.

Тавре ки “Коммерсант” хабар медиҳад, дар беморхона ҷароҳатҳои аз сар ва дигар узвҳо гирифтаи ӯро сабт карда, пас аз расонидани кумак ба хонааш раҳо кардаанд.

Дар бораи ҷабрдида маълумот дода намешавад. Танҳо зикр мегардад, ки ӯ сокини шаҳраки Александровскаяи ноҳияи Пушкини шаҳри Санкт-Петербург мебошад.

Ин ҳодиса дар камераҳои видеоӣ сабт шудааст. Дида мешавад, ки чор нафар ҷавонон бидуни сабабе ба лату кӯби боррасон дар назди даромадгоҳи хона оғоз мекунанд. Яке аз онҳо бо пояш ба сари ӯ зарба зада, дигарон аз баллони газ ба рӯи ӯ маҳлул мепошанд ва яке аз ҷавонон инро дар камераи видео сабт мекунад.

Рӯзи 25 декабр дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ ба гумони даст доштан дар ин амал чор нафар наврасони 14-15-соларо муайян ва ба шуъбаи пулис овардаанд. Дар ин бора Сарраёсати ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар медиҳад.

Айни замон онҳо мавриди бозпурсӣ қарор дошта, ҳолатҳо ва мақсади ба ин ҷиноят даст задани онҳо таҳқиқ мешавад.

Дар мақомоти пулис дар робита ба ин ҳодиса мутобиқи моддаи 213 КҶ ФР (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Мувофиқи қонуни амалкунанда, ҷавобгари тибқи қисмҳои 2 ва 3-и ин модда аз 14-солагӣ татбиқ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург наврасонеро боздошт намуда буданд, ки ба кӯчарӯбон – муҳоҷирон дарафтода буданд. Онҳо аз баллон ба рӯи кормандони хадамоти коммуналӣ маҳлул пошида, сипас онҳоро лату кӯб мекарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...