Дар Петербург наврасон боз як муҳоҷири тоҷикро лату кӯб карданд

Тахминан соатҳои 16-и рӯзи 24 декабр як боррасон (курйер) – шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон ба мақомоти пулиси ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат кард. Ӯ изҳор намуд, ки вақте фармоишро ба як суроға дар хиёбони Витебский мебурдааст, чор нафар ҷавонон ба ӯ дарафтода, лату кӯб кардаанд. Тавре ки “Коммерсант” хабар медиҳад, дар беморхона ҷароҳатҳои аз сар ва […]

Тахминан соатҳои 16-и рӯзи 24 декабр як боррасон (курйер) – шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон ба мақомоти пулиси ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат кард.

Ӯ изҳор намуд, ки вақте фармоишро ба як суроға дар хиёбони Витебский мебурдааст, чор нафар ҷавонон ба ӯ дарафтода, лату кӯб кардаанд.

Тавре ки “Коммерсант” хабар медиҳад, дар беморхона ҷароҳатҳои аз сар ва дигар узвҳо гирифтаи ӯро сабт карда, пас аз расонидани кумак ба хонааш раҳо кардаанд.

Дар бораи ҷабрдида маълумот дода намешавад. Танҳо зикр мегардад, ки ӯ сокини шаҳраки Александровскаяи ноҳияи Пушкини шаҳри Санкт-Петербург мебошад.

Ин ҳодиса дар камераҳои видеоӣ сабт шудааст. Дида мешавад, ки чор нафар ҷавонон бидуни сабабе ба лату кӯби боррасон дар назди даромадгоҳи хона оғоз мекунанд. Яке аз онҳо бо пояш ба сари ӯ зарба зада, дигарон аз баллони газ ба рӯи ӯ маҳлул мепошанд ва яке аз ҷавонон инро дар камераи видео сабт мекунад.

Рӯзи 25 декабр дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ ба гумони даст доштан дар ин амал чор нафар наврасони 14-15-соларо муайян ва ба шуъбаи пулис овардаанд. Дар ин бора Сарраёсати ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар медиҳад.

Айни замон онҳо мавриди бозпурсӣ қарор дошта, ҳолатҳо ва мақсади ба ин ҷиноят даст задани онҳо таҳқиқ мешавад.

Дар мақомоти пулис дар робита ба ин ҳодиса мутобиқи моддаи 213 КҶ ФР (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Мувофиқи қонуни амалкунанда, ҷавобгари тибқи қисмҳои 2 ва 3-и ин модда аз 14-солагӣ татбиқ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург наврасонеро боздошт намуда буданд, ки ба кӯчарӯбон – муҳоҷирон дарафтода буданд. Онҳо аз баллон ба рӯи кормандони хадамоти коммуналӣ маҳлул пошида, сипас онҳоро лату кӯб мекарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.