Эҳтимоли тармафароиҳо дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон

Asia-Plus

Рӯзҳои наздик дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ба амал омадани ҳодисаҳои тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ин бора бо истинод ба обуҳавошиносон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, имрӯз дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борону барф ва туман дар назар буда, ҳарорат рӯзона 9-14 ва дар кӯҳҳо 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат ва рӯзона бидуни боришот ва туман пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона то 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳамин гуна вазъи обуҳаво дар назар буда, танҳо ҳарорат поинтар аст. Дар Хуҷанд баъзан борон борида, туман мефарояд. Ҳарорат рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд борону барф борида, ҳарорат дар водиҳои минтақаи шимоли кишвар рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Хатлон низ боришот пешбинӣ шудааст. Дар Бохтар баъзан борон борида, ҳарорат 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар тамоми қаламрави вилоят борону туман пешбинӣ гардида, ҳарорат дар минтақа рӯзона то 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хоруғ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад. Ба ҷуз Дарвоз (борон дар назар аст), дар ВМКБ ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 6-11 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят – 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳавои нисбатан гарм ва боридани борон метавонанд ба ҳодисаҳои фаромадани тарма боис гарданд.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар ин минтақаҳо худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи бухориҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд. Бачаҳоро таҳти назорати махсус гирифта, онҳоро беназорат нагузоред.

“Ронандагоне, ки худро ба сафарҳои дур аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ омода мекунанд, аввал ба маълумоти обуҳавошиносон, КҲФ, ВКД ва дигар сохторҳои масъул диққат диҳанд. Қабл аз сафар мошинoҳои худро санҷанд, чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз намоянд”, – тавсия медиҳад Кумита.

Ҳамчунин ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки дар роҳҳо набояд суръати ҳаракатро боло бурд, аксари садамаҳое, ки рух медиҳанд, маҳз ба сабабҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо рух медиҳанд. Риояи фосилаи байни мошинҳо дар роҳҳои кӯҳӣ як гарави саломат расидан ба манзил аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...