ВКД садамаи нақлиёт дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи садамаи нақлиётро, ки сабти видеоии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёд ба бор овард, шарҳ дод. Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки бар асари ин садамаи нақлиёт зани 38-сола ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳо дар беморхона бистарӣ шуданд. Бино ба гуфтаи ӯ, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи садамаи нақлиётро, ки сабти видеоии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёд ба бор овард, шарҳ дод.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Нусратулло Маҳмадзода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки бар асари ин садамаи нақлиёт зани 38-сола ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳо дар беморхона бистарӣ шуданд.

Бино ба гуфтаи ӯ, миёни ҷабрдидагон дар ин садама кӯдакон ҳузур надоштанд.

“Садама рӯзи 23 декабр дар роҳ аз ноҳияи Рӯдакб ба самти Душанбе рух додааст. Автомашинаи Mercedes-Benz ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи Hyundai-Starex бармехӯрад. Аз зарба Starex боз ба автомашинаи сабукрави тамғаи марки Opel бармехӯрад”, – иброз дошт вай.

Дар видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дида мешавад, ки Mercedes-Benz бо суръати баланд ҳаракат дорад.

Дар навиштаҳои худ корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ далели дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро зикр карданд.

Корҳои тафтишотӣ оид ба ин ҳодиса идома доранд.

Дар сомонаи ВКД ҳамчунин боз дар бораи ду ҳодисаи садамаи нақлиёт хабар дода мешавад, ки дар онҳо ба сурати умум 6 нафар ҳалок шудаанд.

Яке аз ин ҳодисаҳо рӯзи 21 декабр дар ноҳияи Ёвон рух дода, ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz Наимҷон Шоимови 26-сола идораи нақлиётро аз даст дода, мошин ба канали обгузар меафтад. Бар асари ин садама Шоимов ва мусофирони автомашина: Суруш Куканови 20-сола, Мавлуда Саъдуллоеваи 44-сола ва Гулбаҳор Шодиеваи 49-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Ҳодисаи дигар ҳамин рӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода, ронандаи 33-солаи Mercedes-Benz Музаффар Шарипов дар кӯчаи ба номи Ленини шаҳри Ғафуров ду пиёдагардро пахш кардааст. Пиёдагардон Моҳира Солиеваи 33-сола ва духтарчаи 3-солаи ӯ Ойша аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расидаанд.

Аз рӯи ҳарду ҳодисаи дар боло зикршуда тафтишот ҷараён дорад.

Тибқи маълумоти ВКД, дар зарфи 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 418 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио