Муфтии Русия аз кори мақомоти Тоҷикистон бо муҳоҷирон дар Русия изҳори норозигӣ кард

Asia-Plus

Раиси Шӯрои динии мусуслмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов бар ин назар аст, ки ходимони дини кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам пеш аз сафари муҳоҷирон ба ин кишвар дар кор бо муҳоҷирон фаъолтар бошанд, то аз ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо пешгирӣ шавад, аммо ҳоло ин гуна ҳамкорӣ роҳандозӣ нашудааст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

«Ин кишварҳо бояд корро бо муҳоҷирон ҷоннок кунанд, – гуфтааст ӯ. – Вақте дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интихобот баргузор мешавад, ходимони динии онҳо ба ин ҷо омада дар шаҳрҳо муҳоҷиронро ҷамъ мекунанд ва корҳои таблиғотӣ мегузаронанд.

Хуб, интихобот баргузор шуд, аммо дар маҷмӯъ дар масъалаи кор бо муҳоҷирон чаро ҳама корро ҳамин тавр ташкил намекунед? Ин суол ба муфтиён – ҳамтоёнамон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон аст – дар ин ҷо бояд кори мунтазам сурат бигирад, онҳо бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунанду ин корро ташкил кунанд, зеро шаҳрвандони давлатҳои онҳо низ дар ин ҷо ҳастанд».

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, сафорати кишварҳое, ки муҳоҷирон аз онҳо зиёд ба Русия меоянд, бояд ба мушкилоти марбут ба ин одамон “бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд”.

Дар акси ҳол, изҳор доштааст муфтӣ, лозим меояд, ки барои ҳама кор мақомоти ҳокимият ва сохторҳои қудратии Русия, инчунин шаҳрвандони мусулмон, ки ин мушкил ба онҳо ҳам таъсир дорад, ҷавоб гӯянд.

"Куҷоянд кишварҳое,  ки миллионҳо шаҳрвандони худро ба ин ҷо мефиристанд? Ман се сол боз бо ин масъала сарукор дорам, лекин мутаассифона, кори мунтазампро дар ин самт намебинам", – хулоса кардааст Крганов.

Рӯзи 20 декабр патриарх Кирилл зимни суханронӣ дар Шӯрои епархиалии Маскав зикр кард, ки амали муҳоҷирон дар Русия ба созиши байнимазҳабӣ ва байни миллатҳо дар ин кишвар ҳарчи бештар таҳдид мекунад.

Ӯ изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар сурати чунин боқӣ мондани сатҳи вуруди муҳоҷироне, ки намехоҳанд бо ҷомеаи Русия ҳамгиро шаванду ба анъанаҳои он арҷ гузоранд, хатари “талаф”-и Русия ҳамчунин давлати сермиллат ба вуҷуд меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...