Муфтии Русия аз кори мақомоти Тоҷикистон бо муҳоҷирон дар Русия изҳори норозигӣ кард

Раиси Шӯрои динии мусуслмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов бар ин назар аст, ки ходимони дини кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам пеш аз сафари муҳоҷирон ба ин кишвар дар кор бо муҳоҷирон фаъолтар бошанд, то аз ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо пешгирӣ шавад, аммо ҳоло ин гуна ҳамкорӣ роҳандозӣ нашудааст. Дар ин бора […]

Asia-Plus

Раиси Шӯрои динии мусуслмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов бар ин назар аст, ки ходимони дини кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳам дар қаламрави Русия ва ҳам пеш аз сафари муҳоҷирон ба ин кишвар дар кор бо муҳоҷирон фаъолтар бошанд, то аз ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо пешгирӣ шавад, аммо ҳоло ин гуна ҳамкорӣ роҳандозӣ нашудааст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

«Ин кишварҳо бояд корро бо муҳоҷирон ҷоннок кунанд, – гуфтааст ӯ. – Вақте дар кишварҳои Осиёи Марказӣ интихобот баргузор мешавад, ходимони динии онҳо ба ин ҷо омада дар шаҳрҳо муҳоҷиронро ҷамъ мекунанд ва корҳои таблиғотӣ мегузаронанд.

Хуб, интихобот баргузор шуд, аммо дар маҷмӯъ дар масъалаи кор бо муҳоҷирон чаро ҳама корро ҳамин тавр ташкил намекунед? Ин суол ба муфтиён – ҳамтоёнамон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон аст – дар ин ҷо бояд кори мунтазам сурат бигирад, онҳо бояд ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунанду ин корро ташкил кунанд, зеро шаҳрвандони давлатҳои онҳо низ дар ин ҷо ҳастанд».

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, сафорати кишварҳое, ки муҳоҷирон аз онҳо зиёд ба Русия меоянд, бояд ба мушкилоти марбут ба ин одамон “бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд”.

Дар акси ҳол, изҳор доштааст муфтӣ, лозим меояд, ки барои ҳама кор мақомоти ҳокимият ва сохторҳои қудратии Русия, инчунин шаҳрвандони мусулмон, ки ин мушкил ба онҳо ҳам таъсир дорад, ҷавоб гӯянд.

"Куҷоянд кишварҳое,  ки миллионҳо шаҳрвандони худро ба ин ҷо мефиристанд? Ман се сол боз бо ин масъала сарукор дорам, лекин мутаассифона, кори мунтазампро дар ин самт намебинам", – хулоса кардааст Крганов.

Рӯзи 20 декабр патриарх Кирилл зимни суханронӣ дар Шӯрои епархиалии Маскав зикр кард, ки амали муҳоҷирон дар Русия ба созиши байнимазҳабӣ ва байни миллатҳо дар ин кишвар ҳарчи бештар таҳдид мекунад.

Ӯ изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар сурати чунин боқӣ мондани сатҳи вуруди муҳоҷироне, ки намехоҳанд бо ҷомеаи Русия ҳамгиро шаванду ба анъанаҳои он арҷ гузоранд, хатари “талаф”-и Русия ҳамчунин давлати сермиллат ба вуҷуд меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.