Тағйирот ба қонуни маориф. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат боз чӣ дастур дод?

Asia-Plus

Дар Душанбе имрӯз, 27 декабр, таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҳукумат баргузор шуд.

Бино ба иттилоъи хадамоти матбуотии сарвари давлат, яке аз масоили матраҳшуда Стратегияи миёнамуҳлати идораи қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 буд.

Ҳадафи асосии он кам кардани хароҷот ҳангоми ҷалби қарзҳо ва рушди бозори коғазҳои қиматнок мебошад. Раисҷумҳур дастур дод, ки стратегияи мазкур тасдиқ ва амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин, Барномаи рушди санъати театрӣ барои солҳои 2024-2028 ва нақшаҳои кории ҳукумат барои нимсолаи аввали соли 2024, пешниҳодҳо перомуни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои соҳаи маориф ва адабиёти таълимӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин Стратегияи рушди пахтакорӣ ва саноати нассоҷӣ то соли 2040, Барномаи даромади давлатӣ барои солҳои 2024-2029 ва нақшаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ муаррифӣ шуд.

Сарвари давлат Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал ва ҳукумати вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки тозагии экологии кӯчаю маҳалли истиқомат, ҳифзи муҳити зист, ободонию кабудизоркуниро таъмин намоянд.

Супориш дода шуд, ки бо ҷалби мутахассисон тибқи тартиб ва технологияи парвариши дарахтони ороишӣ ва сояафкан аз ҳарду ҷониби шоҳроҳҳо онҳо шинонида шаванд.

Ба ҳукумати кишвар дастур дода шудааст, ки маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2023-2024-ро ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли кишвар дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида, бехатарии сӯхторро таъмин намуда, корҳои ободониро вусъат бахшанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...