Тағйирот ба қонуни маориф. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат боз чӣ дастур дод?

Дар Душанбе имрӯз, 27 декабр, таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҳукумат баргузор шуд. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуотии сарвари давлат, яке аз масоили матраҳшуда Стратегияи миёнамуҳлати идораи қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 буд. Ҳадафи асосии он кам кардани хароҷот ҳангоми ҷалби қарзҳо ва рушди бозори коғазҳои қиматнок мебошад. Раисҷумҳур дастур дод, […]

Asia-Plus

Дар Душанбе имрӯз, 27 декабр, таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҳукумат баргузор шуд.

Бино ба иттилоъи хадамоти матбуотии сарвари давлат, яке аз масоили матраҳшуда Стратегияи миёнамуҳлати идораи қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026 буд.

Ҳадафи асосии он кам кардани хароҷот ҳангоми ҷалби қарзҳо ва рушди бозори коғазҳои қиматнок мебошад. Раисҷумҳур дастур дод, ки стратегияи мазкур тасдиқ ва амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин, Барномаи рушди санъати театрӣ барои солҳои 2024-2028 ва нақшаҳои кории ҳукумат барои нимсолаи аввали соли 2024, пешниҳодҳо перомуни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои соҳаи маориф ва адабиёти таълимӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин Стратегияи рушди пахтакорӣ ва саноати нассоҷӣ то соли 2040, Барномаи даромади давлатӣ барои солҳои 2024-2029 ва нақшаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ муаррифӣ шуд.

Сарвари давлат Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал ва ҳукумати вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки тозагии экологии кӯчаю маҳалли истиқомат, ҳифзи муҳити зист, ободонию кабудизоркуниро таъмин намоянд.

Супориш дода шуд, ки бо ҷалби мутахассисон тибқи тартиб ва технологияи парвариши дарахтони ороишӣ ва сояафкан аз ҳарду ҷониби шоҳроҳҳо онҳо шинонида шаванд.

Ба ҳукумати кишвар дастур дода шудааст, ки маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2023-2024-ро ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли кишвар дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида, бехатарии сӯхторро таъмин намуда, корҳои ободониро вусъат бахшанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.