Ҳаракати қатораи мусофирбар миёни Тоҷикистону Русия як баробар кам шудааст

Asia-Plus

Ҳаракати хатсайри қатораи Душанбе – Волгоград – Душанбе, ки ду маротиба дар як ҳафта ба роҳ монда шуда буд, то як маротиба дар як ҳафта коҳиш ёфтааст. Сабаби кам шудани ҳаракати қатора адами мусофирон будааст.

Як масъул аз Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки миёни Душанбе – Волгоград – Душанбе то кунун ҳафтае ду маротиба ҳаракати қатора ба роҳ монда шуда буд ва сар аз соли 2024 яке аз он хатсайрҳо боздошта шуд.

“Барои он ки мусофир нест, ҳаракати як хатсайр муваққатан боздошта шуд, вале ҳар вақте музоҷони бештар муроҷиат кунанд, он хатсайр аз сар ба фаъолият оғоз мекунад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо аз КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”.

Ҳамин тавр, бо назардошти адами мусофир ҳаракати қатора дар рӯзи шанбеи ҳар ҳафта муваққатан боздошта шудааст.

Манбаъ афзуд, ҳоло як хатсайр ҳар ҳафта рӯзи сешанбе аз Душанбе ба Волгоград меравад ва рӯзи ҷумъа аз Волгоград ба Душанбе бармегардад. Нархи чиптаи он барои вагонҳои умумӣ ё ба истилоҳ "платскарт" 1769 сомонӣ ва ҳуҷраҳои алоҳида ё "купе" 2260 сомонӣ аст.

Ёдовар мешавем, ки аз 17-уми марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.

Баъди беш аз ду соли таваққуф, аз 30 августи соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон-Русия-Тоҷикистон дубора барқарор шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки миёни Душанбе – Волгоград – Душанбе ҳоло ҳавопаймо мустақим парвоз намекунад ва қатора ягона васила сафари мустақим ба ин шаҳри Русия аст. Аммо он бо фарқ аз ҳавопаймо давоми ҳудуди се рӯз сарҳади Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистонро убур карда, ба Русия мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...