Тоҷикистону Эрон Маркази инноватсионию технологӣ таъсис медиҳанд

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ ба Эрон Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Маркази инноватсионию технологии Тоҷикистону Эронро ба имзо расонид, хабар медиҳад дафтари матбуоти парлумон. Зери Ёддошти тафоҳум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ноиби Президенти Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён Руҳулло […]

Asia-Plus

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ ба Эрон Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Маркази инноватсионию технологии Тоҷикистону Эронро ба имзо расонид, хабар медиҳад дафтари матбуоти парлумон.

Зери Ёддошти тафоҳум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ноиби Президенти Эрон оид ба фанноварӣ ва иқтисоди донишбунён Руҳулло Деҳқонии Фирӯзободӣ имзо гузоштанд.

Гуфта мешавад, ёддошт бо мақсади рушди ҳамкориҳои илмию техникии байни Тоҷикистону Эрон ва пешбурди муносибатҳо дар соҳаи технологияҳо ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта ба тасвиб расид.

Дар ҳошияи барномаи сафар Рустами Эмомалӣ аз Хонаи навовариҳои технологии Эрон дар шаҳри Теҳрон боздид карда, бо навтарин дастоварду маҳсулоти илмӣ ва нанотехнологии Эрон дар соҳаҳои гуногуни саноат, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, таҷҳизоти тиббӣ, вояҳои чорво ва парранда, доруҳои растанӣ ва ғайраҳо шинос шуд.

Зикр мегардад, ки Хонаи навовариҳои технологии Эрон бо мақсади васеъ кардани содироти маҳсулоти илмӣ ва рушди ҳамкориҳои муштараки илмию техникии байни Эрон ва кишварҳои хориҷӣ бо ниҳодҳои давлативу илмии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ ба Расадхонаи шаҳри Теҳрон ташриф овард, ки дар ҳудуди маҷмааи Бурҷи милод ҷойгир буда, маркази бузурги ҷамъоварии маълумоти идоравӣ барои ниҳодҳои давлатии шаҳр, аз ҷумла аъзои Шӯрои шаҳри Теҳрон мебошад.

Тавре қаблан хабар дода будем, дар доираи сафар Рустами Эмомалӣ бо президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва раиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф дидору гуфтушунид кард.

Бо дарназардошти мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Эрон, инчунин ба ҳадди то 500 миллион доллар расонидани ин нишондиҳанда, зимни гуфтушунид ба густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, нақлиёт, саноатҳои мошинсозӣ, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.