Истифода аз таҷрибаи Тоҷикистон? Блогерони Ӯзбекистон ҳам муваззаф шуданд, ки андоз супоранд

Блогерони Ӯзбекистон аз 1-уми январи соли равон ба монанди соҳибкорони дигари ин кишвар андоз месупоранд. Дар ин бора сомонаи centralasian.org хабар медиҳад. Ба навиштаи ин расона, тибқи қонунгузории Ӯзбекистон, блогероне, ки ҳаҷми даромадашон аз 1 миллион сӯм бештар аст, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд андоз супоранд. Пардохти андоз барои блогерон дар Ӯзбекистон дар пасманзари ба ҳукмҳои […]

Asia-Plus

Блогерони Ӯзбекистон аз 1-уми январи соли равон ба монанди соҳибкорони дигари ин кишвар андоз месупоранд. Дар ин бора сомонаи centralasian.org хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, тибқи қонунгузории Ӯзбекистон, блогероне, ки ҳаҷми даромадашон аз 1 миллион сӯм бештар аст, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд андоз супоранд.

Пардохти андоз барои блогерон дар Ӯзбекистон дар пасманзари ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудани як қатор блогерону фаъолони маданӣ бо гумони “таҳқир”-у “дуздӣ” ҳатмӣ мешавад.

Мақомоти Ӯзбекистон пайваста таъкид кардаанд, ки блогерон барои фаъолияти ғайриҳирфаӣ ва ҷиноятҳои моливу иқтисодӣ зиндонӣ шуданд. Блогерони Ӯзбекистон зикр намудаанд, ки қоидаи нав боиси боз ҳам маҳдудтар шудани озодии баён дар ин кишвар хоҳад шуд.

“Ба гуфтаи блогери ӯзбекистонӣ Зафар Солиҷонов, ҳукумати кишвараш, ки ҳаҷми даромади блогерҳоро мехоҳад назорат кунаду аз он бохабар аст, бояд маълумот дар бораи даромади мансабдоронро низ расонаӣ кунад, то маълум шавад, ки харҷи онҳо бо даромадҳояшон то куҷо баробар аст”, – менависад ин расона.

Пардохти андоз барои блогерон дар Ӯзбекистон баъди Тоҷикистон ҷорӣ шуд. Тоҷикистон соли 2020 блогеронро водор сохт, ки худро дар Кумитаи андоз ба қайд гиранд ва андоз пардохт намоянд.

Тибқи маълумоти ахири Кумитаи андоз, то 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон 82 шахсии ҳуқуқие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорӣ ба сифати блогер машғул аст, ба қайд гирифта шудааст.

Даромади онҳо дар зарфи 6 моҳи соли 2023 бошад 10 млн сомонӣ (ҳудуди 918 ҳазор доллар)-ро ташкил додааст. Аз ҳисоби ин даромад ба буҷети кишвар 1,2 млн сомонӣ (110 ҳазор доллар) ворид шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.