Омбудсмени соҳибкорони Русия ҳароси шаҳрвандон аз муҳоҷирони кориро комилан беасос медонад

Asia-Plus

Омбудсмен ё худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои соҳибкорони назди президенти Русия Борис Титов ба хабаргузории РИА Новости изҳор доштааст, ки ҳароси шаҳрвандони кишвар аз коргарони хориҷӣ беасос аст.

“Аз ҳароси шаҳрвандони Русия нисбат ба муҳоҷирон хуб огаҳам. Ҳарчанд он комилан беасос аст. Тибқи омори ВКД Русия, шаҳрвандони худи кишвар нисбат ба муҳоҷирон бамаротиб бештар ҷиноят содир мекунанд”, – гуфтааст ӯ.

Ба ақидаи Титов, муносибати манфии мардум ба муҳоҷирони корӣ боз дар он ифода меёбад, ки хориҷиён ҷойҳои кории русиягиҳоро мегирифтаанд. Омбудсмен таъкид доштааст, ки ин ҳам нодуруст аст.

“Барои русиягиҳо имрӯз тамоми имконият фароҳам оварда шудааст, ки вобаста ба дараҷаи маълумот ва ихтисосашон неру ва дониши худро дар ҳама гуна касбу соҳа ва бо ҳама гуна маош истифода баранд”, – иброз доштааст Омбудсмен.

Мувофиқи маълумоти омории ВКД Русия, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2023 дар Русия ба сурати умум 1,8 млн ҷиноят содир шудааст, аз ҷумла 36,6 ҳазор аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ (2% аз шумори умумии ҷиноятҳо).

Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотии мустақим рӯзи 14 декабр мушкилоти марбут ба муҳоҷиронро на он қадр саҳлу осон арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, таъсиси мақоми махсусе лозим аст, ки мушкилоти муҳоҷиронро дар маҷмӯъ баррасӣ намуда, ҳалли саривақтии онҳоро пайдо кунад. Ӯ изҳор дошта буд, ки дар кишвар тақрибан 10 млн нафар муҳоҷирони корӣ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...