Омбудсмени соҳибкорони Русия ҳароси шаҳрвандон аз муҳоҷирони кориро комилан беасос медонад

Омбудсмен ё худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои соҳибкорони назди президенти Русия Борис Титов ба хабаргузории РИА Новости изҳор доштааст, ки ҳароси шаҳрвандони кишвар аз коргарони хориҷӣ беасос аст. “Аз ҳароси шаҳрвандони Русия нисбат ба муҳоҷирон хуб огаҳам. Ҳарчанд он комилан беасос аст. Тибқи омори ВКД Русия, шаҳрвандони худи кишвар нисбат ба муҳоҷирон бамаротиб бештар ҷиноят […]

Asia-Plus

Омбудсмен ё худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои соҳибкорони назди президенти Русия Борис Титов ба хабаргузории РИА Новости изҳор доштааст, ки ҳароси шаҳрвандони кишвар аз коргарони хориҷӣ беасос аст.

“Аз ҳароси шаҳрвандони Русия нисбат ба муҳоҷирон хуб огаҳам. Ҳарчанд он комилан беасос аст. Тибқи омори ВКД Русия, шаҳрвандони худи кишвар нисбат ба муҳоҷирон бамаротиб бештар ҷиноят содир мекунанд”, – гуфтааст ӯ.

Ба ақидаи Титов, муносибати манфии мардум ба муҳоҷирони корӣ боз дар он ифода меёбад, ки хориҷиён ҷойҳои кории русиягиҳоро мегирифтаанд. Омбудсмен таъкид доштааст, ки ин ҳам нодуруст аст.

“Барои русиягиҳо имрӯз тамоми имконият фароҳам оварда шудааст, ки вобаста ба дараҷаи маълумот ва ихтисосашон неру ва дониши худро дар ҳама гуна касбу соҳа ва бо ҳама гуна маош истифода баранд”, – иброз доштааст Омбудсмен.

Мувофиқи маълумоти омории ВКД Русия, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2023 дар Русия ба сурати умум 1,8 млн ҷиноят содир шудааст, аз ҷумла 36,6 ҳазор аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ (2% аз шумори умумии ҷиноятҳо).

Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти матбуотии мустақим рӯзи 14 декабр мушкилоти марбут ба муҳоҷиронро на он қадр саҳлу осон арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, таъсиси мақоми махсусе лозим аст, ки мушкилоти муҳоҷиронро дар маҷмӯъ баррасӣ намуда, ҳалли саривақтии онҳоро пайдо кунад. Ӯ изҳор дошта буд, ки дар кишвар тақрибан 10 млн нафар муҳоҷирони корӣ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.