Гумонбарии 2 блогери тоҷик дар онлайн-қаллобиҳо

Нигина Аслонова,Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати 2 блогер – Сомон Ғафурзода ва Наврӯз Гулзода ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ба миқдори ниҳоят зиёд парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) ҳанӯз 8 ноябри соли 2023 боз шуда, аммо Прокуратура дар ин бора 10 январ хабар медиҳад.

Дар хабар зикр мегардад, ки блогерони зикршуда – сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар шабакаи YouTube каналҳои "SOMONOfficial" ва "МАКSIМ ТV" кушода, бозии лотерея ташкил кардаанд ва ба сифати бурдҳо автомашинаҳои Kia K5 , Toyota Camry ва Hyundai Sonata гузоштаанд.

“Бо ваъдаи фурӯхтани автомашинаҳо аз лотерея бо нархҳои паст, Ғафурзода ва Гулзода бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон 180 ҳазору 500 сомонӣ ва 230 ҳазору 200 сомонӣ гирифтаанд. Дар натиҷа зарари умумӣ 590 ҳазору 700 сомониро ташкил додааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Ба онҳо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё ҷазои аз 18 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Қобили зикр аст, ки ду канали зикршуда – SOMONOfficial ва МАКSIМ ТV то ҳол дар шабакаи YouTube дастрасанд.

Ҳамчунин зикр мешавад, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои қаллобие, ки бо истифода аз интернет содир мешаванд, пурзӯр мекунад.

Ин ниҳод аз як қатор далелҳои боз шудани парвандаҳои ҷиноятии марбут ба қаллобӣ ба воситаи интернет тайи солҳои ахир мисол овардааст.

Гуфта мешавад, бахусус одамон аз тариқи видеоролик аз номи ширкати “Газпромнефт” дар бораи имкони иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ ва даромад ба даст овардан аз ҳисоби харидани саҳмияҳои он фиреб мехӯранд.

“Зери таъсири ин реклама шаҳрвандон тариқи ҳамёни электронӣ тибқи шартҳои пешниҳодшуда ба номи шахсони номаълум маблағҳои зиёд интиқол додаанд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Прокуратураи генералӣ аз шаҳрвандон-корбарони Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунад, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Ҳангоми истифодаи Интернет, қабули иттилоот ё тамошои видеороликҳо, бахусус вақти иштирок дар онлайн-бозиҳо, лотерея ё харидҳо дар мағозаҳои интернетӣ набояд ҳушёриро аз даст дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...