КҲФ гуфт, дар заминларзаи имрӯза хисорот ба қайд гирифта нашудааст

Баъди зуҳри имрӯз, 11-уми январи соли 2024 дар Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар ҳудуди Афғонистон 5 балро ташкил медод. Кумита ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) бо такя ба иттилои Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе хабар дод, ки он дақиқан соати 14:20 ба қайд гирифта шуд ва маркази заминларза 250 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри […]

Asia-Plus

Баъди зуҳри имрӯз, 11-уми январи соли 2024 дар Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар ҳудуди Афғонистон 5 балро ташкил медод.

Кумита ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) бо такя ба иттилои Маркази зилзиласанҷии шаҳри Душанбе хабар дод, ки он дақиқан соати 14:20 ба қайд гирифта шуд ва маркази заминларза 250 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон мебошад.

Ба иттилои ин ниҳод, заминларза дар марказаш 5 бал ва дар шаҳри Душанбе, ҳудуди ВМКБ, вилояти Хатлон, минтақаи Рашт  3 ва дар вилояти Суғд 2 балро ташкил дод.

“Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар  шаҳру ноҳияҳои мамлакат хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, – гуфтанд аз КҲФ.

Ҳамчунин, шаби гузашта низ дар 38 километрии ҷанубу шарқи Хоруғ заминларза ба қайд гирифта шуда буд. Маркази заминларза. Манбаи заминларза дар умқи 153 километр гуфта мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар чанд муддати охир дар Осиёи Марказӣ зиёд заминларза ба қайд гирифта мешавад.

Ахиран дар як заминларҳа дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 8 деҳа қариб пурра хароб гардида, садҳо қурбонӣ ба ҷой гузошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.