“Ҳеҷ гоҳ эҳсоси бегонагӣ накардаам”. Достони ҷавоне аз Қирғизистон, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунад

Шаҳлиёр Дадабаев яке аз даҳҳо шаҳрвандони Қирғизистон аст, ки новобаста ба баҳсҳои марзӣ ва муноқишаҳои дар ин замина миёни ду кишвар бамиёномада, дар Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ донишҷӯи соли чоруми факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (ДДХ) аст ва тариқи квотаи Президенти Тоҷикистон таҳсил мекунад. Шаҳлиёр зодаи шаҳри Исфанаи […]

Шаҳлиёр Дадабаев яке аз даҳҳо шаҳрвандони Қирғизистон аст, ки новобаста ба баҳсҳои марзӣ ва муноқишаҳои дар ин замина миёни ду кишвар бамиёномада, дар Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ донишҷӯи соли чоруми факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (ДДХ) аст ва тариқи квотаи Президенти Тоҷикистон таҳсил мекунад.

Шаҳлиёр зодаи шаҳри Исфанаи вилояти Ботканди Қирғизистон аст. Ин вилоят ҳаммарзи вилояти Суғди Тоҷикистон мебошад. Марзе, ки то ҳол пурра мушаххас нашудааст ва чандин маротиба боиси муноқишаи мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар гардидааст.

Шаҳлиёр мегӯяд, шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, барояш писанд аст ва аз даврони мактабхонӣ орзу мекард, дар бузургтарин донишгоҳи ин шаҳр таҳсил кунад.

“Қабл аз донишҷӯ шудан, бо волидонам дар арафаи Соли нав, Наврӯз ва дигар идҳо ба ҳайси сайёҳ омада мерафтем. Барои мо – сокинони наздимарзӣ таҳсил дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба вилояти Оши Қирғизистон осон ва мусоид аст”, – зикр мекунад ӯ.

Шаҳлиёр Дадабаев ба ин донишгоҳ пеш аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳонаи ахир – моҳи апрели соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 дохил шуд. Ӯ мегӯяд, новобаста ба даргириҳои мусаллаҳона миёни ду кишвар ва баъдан, баста шудани сарҳад, ҳеҷ гоҳ андешаи канор гузоштани таҳсилро накардааст.

“Миёни ман ва ҳамкурсонам тафовутгузорӣ байни одамон бо назардошти миллату маҳали онҳо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ман ин ҷо худро ҳамеша дар хонаи худ эҳсос мекардам. Муаллимон ҳам маро ҳамеша дастгирӣ мекунанд ва ба қадри тавоноии худ кӯмак мекунанд”, – мегӯяд Шаҳлиёр.

“Ҳамаи онҳо фарзандони мо ҳастанд”

Саноат Азимова, муовини декан оид ба таълим дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, нафаре, ки аз таҳсилу зисти Шаҳлиёр хабардор аст, аз ӯ ба ҳайси донишҷӯи фаъол ва хуштарбия васф мекунад.

“Ӯ ҳамчун донишҷӯи фаъол доим дар дарсҳо иштирок мекунад. Шаҳлиёр новобаста аз ин шароитҳо таҳсилро дар донишгоҳ идома дод ва ӯ яке аз донишҷӯёни фаъолтарину беҳтарин ҳисобида мешавад. Гумон мекунам, ки барои таҳсил ҳеҷ монеа нест, агар ӯ хоҳиш дошта бошад”, – мегӯяд Саноат Азимова.

Ин устоди донишгоҳ мегӯяд, дар муассисаи онҳо донишҷӯён аз кишварҳои хориҷӣ зиёд таҳсил мекунанд ва онҳо бо ҳамаи донишҷӯён муносибати хубу баробар доранд ва касеро бо назардошти миллату нажодаш ҷудо намекунанд. Шаҳлиёр низ бо ҳама ҳамсабақонаш равобити хуб дорад ва тариқи квотаи Президентӣ хонда, идрорпулӣ мегирад. Бо хобгоҳ низ таъмин шудааст.

Аммо Саноат Азимова таъкид мекунад, ки муноқишаҳои марзӣ ва баста шудани сарҳад ба теъдоди донишҷӯён аз Қирғизистон бетаъсир набудааст ва чанде аз онҳо таҳсилро дар ин донишгоҳ қатъ кардаанд.

Айни замон дар ин  муассиса 16 нафар донишҷӯ аз Қирғизистон таҳсил мекунанд. Дар бораи теъдоди донишҷӯёни қирғизистонӣ то баста шудани сарҳад иттилоъ дода намешавад.

Бояд зикр кард, ки баъди муноқишаҳои охир дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоде аз донишҷӯёни ду кишвар тарки идомаи таҳсил карданд ва ба зодгоҳи худ баргаштанд. Теъдоди дақиқи донишҷӯён ва онҳое, ки маҷбур ба қатъи таҳсил шуданд, маълум нест. На Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва на Вазорати маорифи Қирғизистон дар ин замина омори мушаххас пешниҳод накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шаҳлиёр бовар дорад, ки роҳи ҳалли мусолиҳатомез ва мусбати ин баҳсҳо пайдо мешавад ва дар фурсати наздик равобити ду кишвар барқарор ва беҳтар мегардад.

Ёдовар мешавем, ки то ҳол, тибқи изҳороти ахири ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.

Санаи имзои созишнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарчанд дақиқ нест, аммо хабарҳои ахир, аз ҷумла изҳороти Президенти Қирғизистон Содир Жапаров, ки моҳи декабри соли 2023 дар вилояти Ботканд ироа шуд ва суханони вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан, ки баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, гувоҳи наздик шудани фурсат барои имзои созишнома аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.