Вазири корҳои дохилии Эрон гуфт, эҳтимол интиҳории дуввум дар Кирмон ҳам тоҷик аст

Asia-Plus

Аҳмад Воҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон, дирӯз ба расонаҳо эълон кардааст, ки ҳувияти маргталабони ҳодисаи террористии Кирмон мушаххас шудааст ва гуфтааст, ки яке аз террористи интиҳорӣ тоҷик буда ва “ба эҳтимоли зиёд дувумӣ низ тоҷик аст”.

Ба гузориши хабаргузории эронии ИРНА, Аҳмад Воҳидӣ дар ҳошияи нишасти ҳайати ҳукуматӣ ба расонаҳо дар робита ба ҳодисаи террористӣ дар шаҳри Кирмон гуфт, “теъдоди қобили мулоҳизаи ин афрод боздошт ва маконҳои пинҳонашон пайдо шудааст”.

“Ҳувияти маргталабони ҳодисаи террористии Кирмон мушаххас шудааст ва гуфтааст, ки яке аз маргталабон тоҷик буда ва ба эҳтимоли зиёд дувумӣ низ тоҷик аст. Террористҳо ба таври ғайриқонунӣ аз марзи яке аз кишварҳои ҳамсоя ба Эрон ворид шуданд ва худро ДОИШ медонанд”, – гуфтааст вазири корҳои дохилии Эрон.

Ӯ ному насаби маргталабон ва аз кадом кишвари ҳамсоя ба Эрон ворид шудани онҳоро мушаххас нагуфтааст.

Аз сӯи дигар, Аҳмад Воҳидӣ мисли дигар мақомоти эронӣ дар ин таркиш Амрикоро муттаҳам кардааст, ки ҳамлаҳои ДОИШ-ро ба Эрон густариш медиҳад. Қаблан масъулияти ин амалиёти террористиро гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё худ ДОИШ ба дӯш гирифта буд.

Қаблан вазорати иттилоот ва амнияти миллии Эрон эълон карда буд, ки як маргталаби ҳамлаи террористии Кирмон “миллати тоҷикистонӣ дорад”.

Тоҷикистон то ҳол расман дар ин қазия вокуниш нишон надодааст.

Дирӯз аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки барои муайян кардани шахсияти “як зодаи Тоҷикистон”, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, дар таркише дар Кирмон муттаҳам мешавад, ба ниҳоди дахлдори Эрон ёддошт равон карданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, дархости расмӣ билфосила баъди ҳодиса ва эълони он ки дар он як зодаи Тоҷикистон даст дорад, исрол карда шуд ва онҳо интизори посух аз ҷониби Эрон ҳастанд.

Дар пайи амали террористӣ, ки нимаи дуюми рӯзи 3-юми январ дар наздикии оромгоҳи фармондеҳи Нерӯҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ, дар музофоти Кирмони Эрон, содир шуд, 89 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории IRNA аз қавли Додситони минтақавии музофоти Кимрони Эрон Маҳдӣ Бахшӣ хабар дод, дар пайи таркиш дар Кирмон 23 маргталаби “Давлати исломӣ” ба ҳабс гирифта шуда, 16 бомбҳои худсохт мусодира шудааст.

Тафсилоти ин ҳодисаро дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...