Дар пайи амали террористӣ дар Кирмон 23 нафар боздошт шудааст

Додситони минтақавии музофоти Кимрони Эрон Маҳдӣ Бахшӣ хабар дод, ки чанде пештар аз таркишҳо дар оромгоҳ назди қабри генерал Қосим Сулаймонӣ 23 маргталаби “Давлати исломӣ” ба ҳабс гирифта шуда, 16 бомбҳои худсохт мусодира шудааст. Дар ин бора IRNA хабар медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ташкилкунандагони чорабинӣ ба хотири ёдбуди марги генерал Сулаймонӣ медонистаанд, ки дар вақти […]

Asia-Plus

Додситони минтақавии музофоти Кимрони Эрон Маҳдӣ Бахшӣ хабар дод, ки чанде пештар аз таркишҳо дар оромгоҳ назди қабри генерал Қосим Сулаймонӣ 23 маргталаби “Давлати исломӣ” ба ҳабс гирифта шуда, 16 бомбҳои худсохт мусодира шудааст. Дар ин бора IRNA хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ташкилкунандагони чорабинӣ ба хотири ёдбуди марги генерал Сулаймонӣ медонистаанд, ки дар вақти маросим таркиш омода мешавад.

“Онҳо тадбирҳои бесобиқаи бехатарӣ рӯйи даст гирифта, ба туфайли онҳо теъдоди кушта ва ҷабрдидагон кам шуд”, – иброз доштааст додситон.

Бахшӣ изҳор доштааст, ки “23 маргталаби марбут ба ташкили амали террористӣ дар музофоти Кимрон ба ҳабс гирифта шуданд”. Ғайр аз ин, кормандони сохторҳои қудратӣ дар канори маркази минтақавӣ макони тайёр кардани “камарбандҳои маргталабӣ”-ро ошкор кардаанд.

Ҳамчунин додситони минтақавӣ аз 16 бомбҳои дар минтақа ошкоршуда, ки ҳар кадоме аз онҳо аз рӯйи иқтидор аз бомбҳои рӯзи 3 январ таркида зиёдтар буданд, хабар додааст.

Маҳдӣ Бахшӣ саҳеҳан нагуфтааст, ки мақомоти кишвар кай гумонбаронро боздошту кай таҷҳизоти таркандаро дарёфтаанд.

Изҳороти додситони музофоти Кирмон дар пасманзари интиқоди ҳукумати Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ садо дод.

Корбарон раҳбарияти кишварро дар қодир набудан ба таъмини амният дар чорабиниҳои оммавӣ гунаҳкор мекунанд. Дар посух ба ин додситони кулли Эрон ҳушдор дод, ки барои навиштаҳои “бардурӯғ” дар интернет шаҳрвандонро ҷазо медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати иттилоот ва амнияти миллии Эрон шоми рӯзи 5 январ хабар дод, ки яке аз маргталабоне, ки худро дар маросими ёдбуди генерал Қосим Сулаймонӣ дар Кирмон тарконд, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар бораи шахсияти ӯ маълумот дода намешавад. Шахсияти маргталаби дуюм ҳоло маълум нашудааст.

Таркишҳо дар Кирмон нимаи дуюми рӯзи 3 январ бевосита дар наздикии қабри фармондеҳи Неруҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ сурат гирифтанд. Дар оромогоҳ садҳо нафар ҷамъ омада буданд. Таркиши аввал 700 метр дуртар аз қабри Сулаймонӣ ва дуюмаш – дар масофаи тақрибан 1 километр дуртар аз он ба амал омад.

Масъулияти ин амалиёти террористиро гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё худ ДОИШ ба дӯш гирифт. Дар изҳороти ин гурӯҳ дар Telegram-канали ДОИШ зикр шуд, ки ду нафар узви ин гурӯҳ рӯзи 3 январ дар қабристони воқеъ дар шаҳри Кирмон камарбандҳо бо маводи таркандаро ба кор даровардаанд.

ДОИШ таркишҳо дар Кирмонро “идомаи муборизаи худ бар зидди шиаҳо” номид. Ин таркишҳо барои Эрон хунбортарин ҳамла аз замони Инқилоби исломии соли 1979 мебошанд.

Бар асари ду таркиш 89 нафар ҳалок шуда, синни 12 нафари фавтидагон аз 15-сола поинтар буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.