Вазири корҳои хориҷии Туркия: Имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шуд

Asia-Plus

Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия, ки дирӯз, 10-уми январи соли 2024, пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март тайид шудааст.

Навори суҳбати Ҳакан Фидан тавассути саҳифаи Телевизиони “Тоҷикистон” ва ҳам саҳифаи фейсбуки сафири Туркия дар Тоҷикистон намоиш дода шудааст.

“Аз ҷониби Қирғизистон хабари хушро оиди он, ки дар ҳалли масъалоҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба мувофиқа расида шудааст, гирифта будем. Интизор меравад, ки созишнома дар моҳи март имзо шавад ва имрӯз дар инҷо имкон доштам, ки зимни мулоқоти худ бо ҷаноби президент ин хушхабарро таъйид намоям. Ҳамчун як кишвари бародар, ки ба минтақа таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд, мо ба ин созишномаи сулҳ, ки як иқдоми бузург дар таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, аҳамияти зиёд медиҳем. Худо хоҳад, дар моҳи март Тоҷикистону Қирғизистон ба баҳси сарҳадии худ ба таври расмӣ хотима бахшида, барои амнияту субот дар минтақа як гоми муҳиме хоҳанд гузошт”, – гуфт Ҳакан Фидан пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳузури рӯзноманигорон.

Моқомоти Тоҷикистон то ҳол ин суханони Ҳакан Фиданро шарҳ надодаанд. Ҳамчунин, маълум нест, ки оё воқеан Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли масъалоҳои марзӣ ба мувофиқа расидаву имзои созишнома моҳи март дар назар аст.

Бояд гуфт, ки Ҳакан Фидан қабл аз сафар ба Тоҷикистон, рӯзҳои 8-9-уми январ дар Қирғизистон буд.

Ба гузориши хабарнигории туркии “Анадолу”, вай дар он ҷо бо ҳамтои қирғизаш Ҷээнбек Кулубоев музокира анҷом дода ва ҳамчунин бо Садир Жапаров, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кардааст.

Ба навиштаи ин расона, дар Бишкек Ҳакан Фидан гуфта, ки Анқара аз созишномаи байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ истиқбол мекунад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон чунин як тавофуқ ҳосил шавад.

Дар охирин мулоқоти худ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд баргузор гардид, иттилоъ доданд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст. Аммо дар мавриди сана имзои созишнома чизе гуфта нашуд.

Пештар аз ин, рӯзи 11-уми декабри соли 2023, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ин масъала баҳори соли 2024 ба охир расад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз санаи дақиқ ё эҳтимолии имзои созишнома оид ба сарҳад бо Қирғизистон сухан накардааст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 980 километр аст. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.

Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...