Дар ҳавопаймои хатсайри Маскав – Душанбе кӯдак таваллуд шуд

Дар ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии", ки бо хатсайри фурудгоҳи Жуковский – Душанбе парвоз мекард, яке аз мусофирон кӯдак ба дунё овард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ. "Рӯзи 10 январ дар хатсайри U6-2441 аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ба Душанбе духтарча таваллуд шуд. <…> Дарҳол пас аз ба ҳаво баланд шудани ҳавопаймо, як зан ба доду […]

Asia-Plus

Дар ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии", ки бо хатсайри фурудгоҳи Жуковский – Душанбе парвоз мекард, яке аз мусофирон кӯдак ба дунё овард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

"Рӯзи 10 январ дар хатсайри U6-2441 аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ба Душанбе духтарча таваллуд шуд. <…> Дарҳол пас аз ба ҳаво баланд шудани ҳавопаймо, як зан ба доду фарёд оғоз кард. Як корманди ҳайати хидматрасонии ҳавопаймо собиқ фелдшер Надежда Ивакина ва яке аз мусофирзанон ҳамшираи шафқат Мадина  ба кумаки ӯ шитофтанд. <…> Зани ҳомиладорро ба қатори иборат аз се курсӣ ҷой карда, барои таввалуд таҷҳизоти зарурӣ омода карданд".

Дар ширкат зикр кардаанд, ки таваллуд бе мушкилӣ гузашта, нишасти таъҷилии ҳавопаймо лозим нашудааст. Дар фурудгоҳи Душанбе модару тифли навзодро ба ихтиёри мошини ёрии таъҷилии тиббӣ супардаанд.

“Мусофирони ҳавопаймо, ки аз ин кор ба эҳсос омада буданд, барои тифли навзод ҳамчун туҳфа 55 ҳазор рубл ва 3 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ карданд”, – изҳор доштааст яке аз кормандони ҳайати хидматрасонии ҳавопаймо.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.