Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки роҳбарони ВКД, КДАМ, Оҷонсии зиддифасод ва Додистонии Хатлон аз вазифа озод шаванд

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супориш додааст, ки сардори Раёсатии ВКД дар вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб, шаҳри Бохтар ҳамроҳи муовинонашон, додситонии Хатлон бо муовинонаш, сардори гурӯҳи фаврии раёсати КДАМ дар Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, роҳбари Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Хатлон ҳамроҳи муовинонаш ва чанде аз сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии ВКД, Додистонии кул, КДАМ, оҷонсиҳои зиддифасоду мубориза бо маводи мухаддир аз вазифа озод шаванд.

Ӯ ин супоришро дар ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 19-уми январ, додааст.

Хадамоти матбуотии президент менависад, ки дар ин ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти роҳбарони мақомоти қудратии вилоятӣ, минтақавӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон интиқод кард ва гуфт, онҳо дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд.

“Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои  хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи Шурои амният мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд”, – омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуоти президент.

Дар робита ба ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ва риоя нагардидани талаботи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш додааст:

– сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбаи  Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ;

– прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо;

– сардори гурӯҳи фаврии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон, сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони якчанд раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ;.

– сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ;

сардорони якчанд раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар

аз вазифа озод карда шаванд.

Айни ҳол дар вилояти Хатлон сардори Раёсати ВКД Файзулло Низомзода, додситон Абдураҳим Раҳимзода, сардори Оҷонсии зиддифасод Карим Иброҳимзода мебошанд. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи онҳо киҳо таъин мешаванд.

Инчунин, ба вазири мудофиа ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки командирони қисмҳои низомие, ки ба камбудиву қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, аз вазифа озод карда, ҷиҳати бартараф намудани ҳама гуна ҳаракатҳои ғайриоинномавӣ тадбирҳои қатъӣ андешида, аз  натиҷааш ба таври хаттӣ  дар муддати 10 рӯз ҳисобот диҳанд.

Ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ  ва сохторҳои низомӣ супориш дода шуд, ки дар муддати даҳ рӯз  масъалаи ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо аз ҳисоби кормандони болаёқат, кордон, соҳибтаҷриба ва масъулиятшиносро таъмин намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...