Эмомалӣ Раҳмон 30 дарсади кормандони БДА-ро ихтисор кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон 30 дарсади кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-ро ихтисор кард. Ин ба он маъно аст, ки даҳҳо корманди БДА аз вазифа озод карда мешаванд. Фармон дар ин бора имрӯз, таҳти №690 имзо шуд. Дар фармон гуфта мешавад, ки он бо мақсади “таъмини самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон 30 дарсади кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-ро ихтисор кард. Ин ба он маъно аст, ки даҳҳо корманди БДА аз вазифа озод карда мешаванд.

Фармон дар ин бора имрӯз, таҳти №690 имзо шуд. Дар фармон гуфта мешавад, ки он бо мақсади “таъмини самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд.

“Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намоянд”, – омадааст дар фармони президент.

30 дарсад ихтисор кардан командони БДА дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон тобистони соли 2023 аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат нигаронӣ карда, ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии БДА супориш дода буд, ки тамоми кормандони он аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Он замони президент, Суҳроб Қурбонзода, сардори БДА-ро, ки ҳамагӣ як сол кор накарда буд, аз вазифа озод ва  ба ҷои ӯ Рустам Мирзомуродзодаро сардори БДА таъин кард.

Ҳамчунин, ҷазо барои рондани мошин бо рақамҳои қалбакӣ ё рондани мошини шахси дигар сахттар шуд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.