Сардори БДА нав шуд. Акнун ҳамаи кормандони он аз аттестатсия мегузаранд

Рустам Мирзомуродзода сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва дар ин вазифа Суҳроб Қурбонзодаро иваз кард. Дар ин бора имрӯз, 12-уми июли соли 2023, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ дод. Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рустам Мирзомуродзода сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва дар ин вазифа Суҳроб Қурбонзодаро иваз кард.

Дар ин бора имрӯз, 12-уми июли соли 2023, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, Раёсати экологӣ ва сайёҳӣ ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе низ таъин гардиданд.

“Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ва ёдовар шудан ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ супориш доданд, ки тамоми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд”, – хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Ба роҳбарияти нави БДА дастур дода шудааст, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.

Роҳбари нави БДА кист?

Рустам Мирзомуродзода 52-сола аст ва рутбаи генерал — майор дорад.

Дар мақомоти умури дохилӣ аз соли 1991 фаъолият мекунад. Мирзомуродзода фаъолияташро аз нозири БДА дар вилояти Кӯлоби собиқ оғоз карда, баъдан дар мақомҳои сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза” дар вилояти Хатлон, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ва муовини сардори Р ВКД дар ВМКБ коор кардааст.

Ӯ аз моҳи майи соли 2020 дар мақоми сардори Раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият дошт. Соли 2022 аз ин мансаб барканор гардида, ба ҷояш Шариф Назарзода  таъин шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки роҳбари пешини БДА Суҳроб Қурбонзода моҳи августи соли 2022 ба вазифа таъин гардида буд ва наздики 1 сол дар ин мансаб фаъолият кард. Он замон "Азия-Плюс" барои роҳбарияти нави БДА ва беҳ гардидани фаъолияти ин ниҳод “Шпаргалка” таҳия ва пешниҳод карда буд, ки ҳоло низ мубрам аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио