Ихроҷи ҳудуди 7 ҳазор хориҷиён аз Русия дар марҳилаи аввали амалиёти “Нелегал-2023”

Дар марҳилаи аввали амалиёти фаврӣ ва пешгирии “Нелегал-2023” кормандони ВКД Русия дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва истирдоди ҳудуди 7 ҳазор нафар хориҷиён ба берун аз ҳудуди Русия қарор қабул карданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе ба ТАСС намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк хабар додааст. “Нисбати шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва истирдод ба […]

Asia-Plus

Дар марҳилаи аввали амалиёти фаврӣ ва пешгирии “Нелегал-2023” кормандони ВКД Русия дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва истирдоди ҳудуди 7 ҳазор нафар хориҷиён ба берун аз ҳудуди Русия қарор қабул карданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе ба ТАСС намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк хабар додааст.

“Нисбати шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи ихроҷи маъмурӣ ва истирдод ба берун аз қаламрави Русия ҳудуди 7 ҳазор қарор қабул шуд. Доир ба корҳои марбут ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва маводи психотропӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва убури ғайриқонунии сарҳд зиёда аз 2 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – гуфтааст ӯ.

Ирина Волк илова намудааст, ки дар ҷараёни амалиёт кормандони ВКД ва Хадамоти федералии амнияти Русия ҳудуди 45 ҳазор ҳолатҳои нақзи қонунгузории муҳоҷират, аз ҷумла зиёда аз 33 ҳазор ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои вуруду ихроҷ, гузаштан тариқи транзит ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русияро ошкор кардаанд.

Илова бар ин, дар бораи беш аз 12 ҳазор ҳолатҳои риоя нашудани анҷоми фаъолияти корӣ аз ҷониби хориҷиён санад таҳия гардида, 273 нафар шахсони мавриди пайгарди федералӣ ва байнулмилалӣ қарордошта ошкор шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.