Тағйироти кадрӣ. Як сафир аз вазифа озод гардид, масъулияти сафири дигар бештар шуд

Имрӯз, 12-уми июли соли 2023, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як сафирро аз вазифа озод кард ва ба як сафири дигар масъулияти иловагӣ вогузор намуд. Бо фармони раиси ҷумҳур Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шерализода Шараф Аҳмадҷон ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои байналмилалии дигар дар Женева […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 12-уми июли соли 2023, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як сафирро аз вазифа озод кард ва ба як сафири дигар масъулияти иловагӣ вогузор намуд.

Бо фармони раиси ҷумҳур Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шерализода Шараф Аҳмадҷон ҳамзамон Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои байналмилалии дигар дар Женева таъйин шуд.

Шерализода Шараф як моҳи пеш аз вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария таъйин шуда буд.

Ӯ ҳоло 42 сол дорад ва дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Атенео-и Де Манилаи Ҷумҳурии Филиппин таҳсил кардааст. Корномаи ӯро дар ин матлаби “Азия-Плюс” бихонед.

Дар ин баробар, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони дигари худ Ҳомидов Ҷамшед Тағоевичро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания озод кард.

Ҳомидов Ҷамшед Тағоевич солҳо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария ва ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони байналмилалии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дар Шоҳигарии Испания буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.