Дар Тоҷикистон ҳосили рекордии картошка ҷамъоварӣ шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2023 дар Тоҷикистон 1 млн 145 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шуд, ки 4,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Аз ин миқдор зиёда аз 798 тонна картошка дар хоҷагиҳои фермерӣ ва қисмати боқимонда – дар қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ парвариш ёфтааст.

Ин серҳосилтарин сол дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. То ин дам серҳосилтарини солҳои ҷамъоварии картошка солҳои 2013, 2020-2022 дониста мешуданд, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1 млн тонна ҳосил гирифта буданд.

Тибқи маълумоти ахир, Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли картошка дар Осиёи Марказӣ зинаи 4-умро ишғол мекунад. Ба ҳар сари аҳолӣ тақрибан 111 кг картошка рост омада, аз рӯи ин нишондиҳанда ҷумҳурӣ пас аз Қирғизистону Қазоқистон дар минтақа сеюм аст.

Қаблан дар Вазорати кишоварзӣ изҳор дошта буданд, ки дар як сол барои 1 нафар 92 кило картошка лозим аст.

Имсол ҳосилнокии картошка дар Тоҷикистон ҳудуди 240 сентнер аз 1 гектарро ташкил дода, аз рӯи ин мавқеъ ҷумҳурӣ танҳо аз Ӯзбекистон поинтар аст. Дар Ӯзбекистон ин нишондиҳанда ба зиёда аз 350 сентнер аз 1 гектар баробар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ки маълумоти танҳо хоҷагиҳои фермерӣ ва давлатиро дар бар мегирад, майдони кишти картошка 33 ҳазору 524 гектарро ташкил додааст. Тибқи маълумоти дигар, бо назардошти хоҷагиҳои шахсии ёрирасон, майдони кишти картошка аз 40 ҳазор гектар зиёд аст.

Дар анборҳои Тоҷикистон то имрӯз захираи картошка қариб 176 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки 8 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст.

Ғайр аз ин, дар биноҳои сардхона 1876 тонна картошка нигаҳдорӣ мешавад, ки 610 тонна зиёдтар дар муқоиса бо соли 2022 мебошад.

Ин захира аввали фасли баҳор, вақте ки захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба охир мерасад, истифода мешавад.

Нархи картошка дар бозорҳои Тоҷикистон устувор нигаҳдорӣ мешавад – дар ҳудуди 4 – 5 сомонӣ барои 1 кило.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...