Дар Тоҷикистон ҳосили рекордии картошка ҷамъоварӣ шуд

Соли 2023 дар Тоҷикистон 1 млн 145 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шуд, ки 4,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Аз ин миқдор зиёда аз 798 тонна картошка дар хоҷагиҳои фермерӣ ва қисмати боқимонда – дар қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ парвариш ёфтааст. Ин серҳосилтарин сол дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. То ин дам серҳосилтарини солҳои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2023 дар Тоҷикистон 1 млн 145 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шуд, ки 4,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.

Аз ин миқдор зиёда аз 798 тонна картошка дар хоҷагиҳои фермерӣ ва қисмати боқимонда – дар қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ парвариш ёфтааст.

Ин серҳосилтарин сол дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. То ин дам серҳосилтарини солҳои ҷамъоварии картошка солҳои 2013, 2020-2022 дониста мешуданд, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1 млн тонна ҳосил гирифта буданд.

Тибқи маълумоти ахир, Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли картошка дар Осиёи Марказӣ зинаи 4-умро ишғол мекунад. Ба ҳар сари аҳолӣ тақрибан 111 кг картошка рост омада, аз рӯи ин нишондиҳанда ҷумҳурӣ пас аз Қирғизистону Қазоқистон дар минтақа сеюм аст.

Қаблан дар Вазорати кишоварзӣ изҳор дошта буданд, ки дар як сол барои 1 нафар 92 кило картошка лозим аст.

Имсол ҳосилнокии картошка дар Тоҷикистон ҳудуди 240 сентнер аз 1 гектарро ташкил дода, аз рӯи ин мавқеъ ҷумҳурӣ танҳо аз Ӯзбекистон поинтар аст. Дар Ӯзбекистон ин нишондиҳанда ба зиёда аз 350 сентнер аз 1 гектар баробар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ки маълумоти танҳо хоҷагиҳои фермерӣ ва давлатиро дар бар мегирад, майдони кишти картошка 33 ҳазору 524 гектарро ташкил додааст. Тибқи маълумоти дигар, бо назардошти хоҷагиҳои шахсии ёрирасон, майдони кишти картошка аз 40 ҳазор гектар зиёд аст.

Дар анборҳои Тоҷикистон то имрӯз захираи картошка қариб 176 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки 8 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст.

Ғайр аз ин, дар биноҳои сардхона 1876 тонна картошка нигаҳдорӣ мешавад, ки 610 тонна зиёдтар дар муқоиса бо соли 2022 мебошад.

Ин захира аввали фасли баҳор, вақте ки захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба охир мерасад, истифода мешавад.

Нархи картошка дар бозорҳои Тоҷикистон устувор нигаҳдорӣ мешавад – дар ҳудуди 4 – 5 сомонӣ барои 1 кило.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио