Тиҷорат дар Тоҷикистон. Кӣ ва дар куҷо бо он машғул аст?

Соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст: маълумоти нав то 1 октябри соли 2025. То 1-уми октябри соли 2025 шумори корхонаҳои сабтшуда дар ҷумҳурӣ то 810,7 ҳазор зиёд шуда, ҳамзамон шумори ширкатҳои бекоргардида ё худ аз фаъолият бозмонда низ афзудааст. Лекин дар умум, афзоиши шумори корхонаҳои амалкунанда идома дорад. Дар иқтисод мисли пешина саҳми савдо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст: маълумоти нав то 1 октябри соли 2025.

То 1-уми октябри соли 2025 шумори корхонаҳои сабтшуда дар ҷумҳурӣ то 810,7 ҳазор зиёд шуда, ҳамзамон шумори ширкатҳои бекоргардида ё худ аз фаъолият бозмонда низ афзудааст.

Лекин дар умум, афзоиши шумори корхонаҳои амалкунанда идома дорад.

Дар иқтисод мисли пешина саҳми савдо ва сохтмон, саноати коркард ва бахши кишоварзӣ назаррас аст, ки бо тақсими шахсони ҳуқуқии амалкунанда аз рӯи навъҳои фаъолияти иқтисодӣ тасдиқ мешавад.

Тибқи маълумоти моҳҳои январ-сентябри соли 2025, миёни шахсони ҳуқуқии тозатаъсис вазни қиёсии бештар ба саноати коркард, савдои яклухт ва чакана, инчунин соҳаи сохтмон рост меояд.

Самтҳои зикршуда муҳаррики калидии рушди соҳаи соҳибкорӣ боқӣ мемонанд.

Миёни соҳибкорони инфиродӣ ҳиссаи бештарро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил дода, қисми назарраси онҳо тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус машғули коранд.

Дар минтақаҳо фаъолияти соҳибкорӣ нобаробар тақсим шудааст: қисмати зиёди соҳибкорони инфиродӣ ба вилояти Суғд ва Хатлон рост омада, дар идома Ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе қарор доранд. Нишондиҳандаи аз ҳама паст дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.