Ҷудокорони навраси тоҷик дар Ҷоми Осиё 15 медал ба даст оварданд

Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 20 ва 21-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд, 10 медал – 6 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд, хабар медиҳад ТВ "Варзиш". Аз ҷумла, дар рӯзи дуввуми муобиқот Суҳробҷон Камолов дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Алимов дар вазни то 90 кг […]

Asia-Plus

Варзишгарони навраси тоҷик дар мусобиқоти Ҷоми ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 20 ва 21-уми ноябр дар Душанбе баргузор шуд, 10 медал – 6 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ ба даст оварданд, хабар медиҳад ТВ "Варзиш".

Аз ҷумла, дар рӯзи дуввуми муобиқот Суҳробҷон Камолов дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Алимов дар вазни то 90 кг ва Абдурофеъ Шарифзода дар вазни ҷамъи 90 кг медалҳои тиллоро соҳиб шуданд.

Ду медали нуқраи варзишгарони моро Саидшоҳ Доргаев дар вазни то 81 кг ва Муҳаммадҷон Мирзоев дар вазни то 90 кг гирифтанд.

Медалҳои биринҷиро Сайёд Давлатов дар вазни то 73 кг, Акрам Акрамов, Рошид Неъматов – ҳарду дар вазни то 81 кг, Муҳаммадҷон Аҳмедов ва Асмар Шариф – ҳарду дар вазни ҷамъи 90 ба даст оварданд.

Дар рӯзи якуми Ҷоми ҷудои Осиё наврасони тоҷик ба гирифтани 5 медал – 3 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ даст ёфта буданд.  Медалҳои тиллоии наврасони тоҷикро Абубакр Худоиев дар вазни то 55 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Муҳаммад Одинашоев дар вазни то 66 кг ба даст оварданд.

Медали нуқраи варзишгарони моро Оминабону Тошова дар вазни то 44 кг ва медали биринҷиро Нушин Ҷумаева  соҳиб шуданд.

Ҳамин тавр, ҷудокорони навраси кишвар мусобиқаро бо 15 медал ҷамъбаст карданд.

Дар мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон 330 варзишгар аз 4 кишвар – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар он 190 ҷудокор (179 писар ва 11 духтар) муаррифӣ карданд.

Ҳамчунин, имрӯз, 22-юми ноябр дар пойтахти кишвар мусобиқа Ҷоми Осиё миёни ҷавонон оғоз шуд, ки то рӯзи 23-юми ноябр идома мекунад. Дар он ширкати беш аз 270 варзишгар аз 5 кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, инчунин, дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо пешбинӣ мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 186 куштигири ҷавон (176 писар ва 10 духтар) намояндагӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.