Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ван И. Ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистону Чин дар 10 моҳ ба зиёда аз $2 млрд расидааст

Имрӯз, 22-юми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард. Хадамоти матбуотии президенти кишвар менависад, ки дар вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки Гуфта шуд, ки дар 10 моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба бани ду кишвар зиёда аз 2 миллиард долларро […]

Asia-Plus

Имрӯз, 22-юми ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.

Хадамоти матбуотии президенти кишвар менависад, ки дар вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки Гуфта шуд, ки дар 10 моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба бани ду кишвар зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил дод. 

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “Чин яке аз шарикони калидии иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон буда, дар низоми муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад”.

Ҳамчунин, дар воухӯрӣ зикр шудааст, ки ҳамкории иқтисодии ҷонибҳо имрӯз соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, инчунин энергетика ва кишоварзиро фаро мегиранд. 

“Ҳамкории муштараки кишварҳо дар соҳаи амният аз мавзуъҳои алоҳидаи суҳбат буд. Дар ин зимн ба масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, ҷинояткории киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти президент.  

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Чин барои ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ба донишҷӯёни тоҷик изҳори сипос карда, ба афзоиши шумораи квотаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин дар ихтисосҳои талаботаш дар кишвари зиёд, таъкид кардааст

Ёдовар мешавем, ки Ван И, вазири умури хориҷӣ ва узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин шоми дирӯз, 21-уми ноябр ба Тоҷикистон омад. 

Ба иттилои ВКХ, дар ҷараёни сафари Ван И ба Тоҷикистон якчанд “гуфтушунидҳои расмӣ дар назар аст, ки дар онҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ, инчунин, мубодилаҳои фарҳангӣ” баррасӣ мешаванд.

Ин сафар дар доираи силсиласафари Ван И ба се кишвари Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат мегирад. Ба навиштаи ВКХ-и Чин, Ван И бо даъвати вазирони корҳои хориҷии се кишвари Осиёи Марказӣ ба минтақа сафар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.