Пирӯзии Илҳом Алиев дар интихоботи президенти Озарбойҷон. Эмомалӣ Раҳмон ӯро табрик кард

Asia-Plus

Илҳом Алиев дар маъракаи интихоботи ғайринавбатии президенти Озарбойҷон ғолиб эълон шуд. Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар, ба ҷонибдории ӯ 92,1%-и интихобкунандагон овоз додаанд.

Тавре ки ВВС менависад, барои курсии президентӣ ба ҷуз Алиев, ки аллакай 20 сол инҷониб зимоми қудратро дар ин кишвар дар даст дорад, боз 6 номзади дигар довталабӣ доштанд, лекин ба ҳеҷ кадоме аз онҳо муяссар нашуд, ки зиёда аз 2,5%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст оранд.

Ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон Мазоҳир Панахов, дар интихоботи пешинаи соли 2018 бо ҳузури 74,5%-и интихобкунандагон Алиевро 86,22%-и раъйдиҳандагон ҷонибдорӣ карда буданд.

Илҳом Алиев аз моҳи октябри соли 2023 зимоми қудратро дар Озарбойҷон дар даст дорад ва маҳз ба муносибати 20-солагии дар мансаби президентӣ буданаш, тасмим гирифт, ки интихоботи ғайринавбатӣ баргузор кунад.

Боз як мақсади дигар – бори нахуст баъди зери назорати Озарбойҷон гузаштани тамоми қаламрави кишвар дар ҷараёни ҷанги соли 2020 ва дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар соли 2023 хоҳиши дар саросари давлат баргузор намудани интихобот унвон мешавад.

Дар ин робита президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуда, интихоби дигарбораашро боз як далели равшани боварии баланди ҷомеаи Озарбойҷон ва дастгирии васеи он аз роҳи стратегии ӯ номид.

“Зимни таъкиди саҳми назарраси шахсии Шумо дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Озарбойҷон, алоқамандии ҷониби моро ба рушди ҳамаҷонибаи минбаъдаи онҳо изҳор менамоям”, – омадааст дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон.

Дар барқия изҳори итминон мешавад, ки дар оянда низ дар баробари пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ҷиҳати ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ба нафъи мардуми ҳарду кишвар саъю кӯшишҳои муштарак сурат хоҳад гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...