“Номатлуб аст!”. Академияи илмҳои Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев тахриб шавад

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавриди тахриби нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев аз майдони “Ситораҳои Хуҷанд” ва иваз кардани номи гӯшаи ба номи Абдулло Раҳимбоев дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд пешниҳодҳои худро ироа кардааст. Насрулло Убайдулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки онҳо дар мавриди нимпайкара ва […]

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавриди тахриби нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев аз майдони “Ситораҳои Хуҷанд” ва иваз кардани номи гӯшаи ба номи Абдулло Раҳимбоев дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд пешниҳодҳои худро ироа кардааст.

Насрулло Убайдулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки онҳо дар мавриди нимпайкара ва гӯшаи Абдулло Раҳимбоев ба хукумати шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд мактуб ирсол карда, назари олимони АМИТ-ро гуфтааст.

“Мо дар ҳарду маврид ҳам гуфтем, ки будани нимпайкара ва номгузорӣ шудани як гӯшаи Осорхона ба номи Абдулло Раҳимбоев кори номатлуб аст”, – гуфт Насрулло Убайдулло.

Гуфтан ба маврид аст, ки нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд гузошта шудааст ва таърихдонон, олимон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ борҳо пешниҳод кардаанд, ки он нимпайкара бардошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки Абдулло Раҳимбоев зодаи Хуҷанд аст, вале чун инқилобчии пантуркист шинохта шудааст. Ба қавли муҳаққиқон, “Абдулло Раҳимбоев исбот кардан мехост, ки дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд ва соли 1924 дар тақсимоти милливу марзӣ зидди таъсиси Тоҷикистон буд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.