Тоҷикистониёнро аз асорати барф дар Қазоқистон наҷот доданд

Даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз асорати барф дар вилояти Актюбински Қазоқистон наҷот доданд. Тавре ки нашрияи Orda.kz иттилоъ медиҳад, миёни онҳо 4 нафар кӯдакон ҳам ҳузур доштаанд. Автобусе, ки аз Чимкент ба Русия мерафт, шаби 7 феврал дар роҳи Самара – Чимкент вайрон шуда, 68 нафар мусофирон аз ҷумла 4 нафар кӯдакон, ки ҳамаашон шаҳрвандони […]

Asia-Plus

Даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз асорати барф дар вилояти Актюбински Қазоқистон наҷот доданд.

Тавре ки нашрияи Orda.kz иттилоъ медиҳад, миёни онҳо 4 нафар кӯдакон ҳам ҳузур доштаанд.

Автобусе, ки аз Чимкент ба Русия мерафт, шаби 7 феврал дар роҳи Самара – Чимкент вайрон шуда, 68 нафар мусофирон аз ҷумла 4 нафар кӯдакон, ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, дар асорати барф қарор мегиранд.

Нашрия менависад, ки одамонро ба кемпинг (таваққуфгоҳи сари роҳ) дар шаҳраки Акҷар бурдаанд.

“Байни одамон шахсони ба кумаки тиббӣ эҳтиёҷдошта набуданд”, – гуфтаанд дар мақомоти пулис, ки кормандони он ҳам дар наҷоти хориҷиён иштирок кардаанд.

Ғайр аз ин, рӯзи 7 феврал имдодгарон ба 56 шаҳрванди Ӯзбекистон – мусофирони автобуси “Тошканд – Маскав” барои аз кемпинги сари роҳ ба нуқтаи гармидиҳӣ рафтан ёрӣ расонидаанд. Ин автобус низ дар қитъаи пӯшидаи роҳи Самара -Чимкент нуқс пайдо кардааст.

Хотиррасон мешавад, ки дар вилояти Актюбински Қазоқистон се рӯз инҷониб тӯфони барфӣ идома дошта, бар асари он роҳҳои таъиноти ҷумҳуриявӣ дар минтақа баста шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон низ дар роҳи мошингарди Остона – Петропавловск автобуси мусофирбар бо 65 нафар мусофирон, аз ҷумла кӯдаки 10-сола ва 14 нафар занон – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳ монд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон якҷо бо ронандагон нуқсонро дар ҷойи ҳодиса бартараф намуда, автобусро то наздиктарин нуқтаи гармидиҳии шаҳри Оқкӯл гусел карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.