Дар кадом кӯчаҳои Душанбе радар гузошта мешавад?

Дар шаҳри Душанбе насби суръатёб (радар)-ҳои худкор оғоз шудааст, ки 19 намуди қоидавайронкунӣ аз ҷониби ронандаҳоро ба навор гирифта, ба пойгоҳи ягона ирсол мекунад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз БДА дар шаҳри Душанбе хабар доданд, чунин таҷҳизот дар роҳҳои Душанбе ва гирду атрофи он беш аз 6 ҳазор адад насб мешавад. Давоми чанд рӯзи охир […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе насби суръатёб (радар)-ҳои худкор оғоз шудааст, ки 19 намуди қоидавайронкунӣ аз ҷониби ронандаҳоро ба навор гирифта, ба пойгоҳи ягона ирсол мекунад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз БДА дар шаҳри Душанбе хабар доданд, чунин таҷҳизот дар роҳҳои Душанбе ва гирду атрофи он беш аз 6 ҳазор адад насб мешавад.

Давоми чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхати чанд макони пойтахт ва гирду атрофи он нашру паҳн гардид, ки ба гуфтаи корбарон, дар онҳо суръатёби худкор насб мешавад ва қоидавайронкунии ронандагонро ба навор гирифта, дар як пойгоҳ ҷамъ меорад.

Ба гуфтаи манбаъи мо, ҳадафи насби таҷҳизот таъмини бехатарии ҳаракат дар ҷодаҳо, кам кардани кормандони БДА ва ҳамин тариқ коҳиши дахолати инсонӣ дар ҳаракати нақлиёт мебошад.

Дар зер номи кӯчаҳои шаҳри Душанбе зикр шудаанд, ки дар онҳо гузоштани суръатёбҳо дар назар аст:

Ёдрас мекунем, ки чанде пештар президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки дар асоси он 30 дарсади кормандони БДА ихтисор карда мешаванд. Дар гузашта президент фаъолияти БДА-ро интиқод карда, роҳбари онро иваз карда буд.

Як манбаъи дигар аз БДА гуфт, ҳудуди 10 адади он ба таҷҳизоти марказӣ пайваст буда, ба таври санҷишӣ фаъолият доранд.

Вай афзуд, ин таҷҳизот дар якҷоягӣ бо лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” амалӣ мешавад ва ин ба лоиҳаи “Шаҳри бехатар” рабте надорад. Дар ҷойҳое, ки дар доира “Шаҳри бехатар” дурбин насб нашудааст, суръатёб насб мешаванд.

Насби суръатёб дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе ва Хоруғ лоиҳаи “Шаҳри бахатар” амал мекунад ва он дар роҳҳо қоидавайронкунии ронандагонро аксбардорӣ карда, дар як пойгоҳи муайян ҷамъоварӣ менамояд. Дар асоси акси қоидавайронкуниҳо ронандагон ҷарима мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.