Гулрухсор ва Амина Шарофиддинова ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ”-ро гирифтанд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” дар соли 2024 ба Гулрухсор Сафиева, шоири маъруф аз Тоҷикистон ва Амина Шарофиддинова, омӯзгор ва яке аз пуштибонони забони форсӣ – тоҷикӣ дар Ӯзбекистон эҳдо шудааст.

Амина Шарофиддинова имрӯз зимни сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, дирӯз Карими Карим, раиси Бунёди ҳамёрии порсизабонон хабари эҳдои ҷоизаро расонида, таҳният гуфтааст.

“Дирӯз Карими Карим занг заданд ва гуфтанд, ки барои талошҳо дар роҳи посдорӣ ва густариши забони форсӣ шумо барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” гардидед. Ман воқеан ғофилгир шудам. Интизор надоштам”, -гуфт Шарофиддинова.

Раиси Бунёди ҳамёрии порсизабонон ба ҳамсӯҳбати мо гуфтааст, ки ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” дар соли 2024 танҳо ба ду нафар – Гулрухсор Сафиева ва Амина Шарофиддинова тақдим гашт ва дар моҳи март онро бо барпо кардани маҳфил дар Душанбе ба Гулрухсор Сафиева ва дар Самарқанд ба Амина Шарофиддинова медиҳанд.

Карими Карим дар бораи ин ки чаро имсол ҷоиза ба ин ду шахсият аз Тоҷикистону Ӯзбекистон эъто шуд, гуфтааст, ин афрод дар посдории забони порсӣ саҳми боризе гузоштаанд ва ҳадаф ангеза додан ба чунин шахсиятҳост.

“Дар ҳарду кишвар забони порсӣ бо чолишҳое рӯбарӯст. Дар Самарқанду Бухоро сиёсати табъизӣ нисбат ба порсизабонон вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон идомаи истеъмори фарҳангии русҳо боис шуда, ки тоҷикон ҳанӯз ҳам ба хати сириллик бинависанд”, – аз забони Карими Карим менависад Радиои Озодӣ.

Тасмими тақдими ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” ба Гулрухсор ва Амина Шарофиддинова 18-уми феврал, зимни баргузории ҳамоише бахшида ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, дар Донишгоҳи Вестминстери Лондон бо ширкати мардуми форсизабони Британия Кабир, гирифта шуд.

Бояд гуфт, ки Бунёди ҳамёрии порсизабонон соли 2014 таъсис шуда, маркази он дар Бритонияи Кабир аст. Ҳадафи ин бунёд ҳифзи забони форсӣ ва кӯмак кардану ангеза додан ба форсизабонони ҷаҳон мебошад.

Ин ҳафтумин мавриди эҳдои ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” ба шахсиятҳое барои саҳмашон дар посдорӣ ва густариши забони порсӣ аст.

Қаблан аз Тоҷикистон танҳо Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори ВВС, барандаи ин ҷоиза шуда буд.

Дар гузашта, ин ҷоиза ҳамчунин ба шахсиятҳое чун Мижгони Фароманиш, Таҳмосибии Хуросонӣ, Наҷиби Борвар, Партави Нодирӣ, Рӯҳуламини Аминӣ, Навиди Муҳсинӣ эҳдо шудааст.

Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” 500 фунт стерлинг (ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ) ҷоизапулӣ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...