Муфаттиши ШВКД Хуҷанд ба иттиҳоми порагирӣ боздошт шуд

Муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ба гумони гирифтани пора ба маблағи 6 ҳазор доллар боздошт шуд. Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муфаттиш Т.Абдураҳимзода 6 ҳазор доллар пораро аз шахси гумонбар ба сохтакории ҳуҷҷатҳо гирифтааст, то ки ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накунад. […]

Asia-Plus

Муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд ба гумони гирифтани пора ба маблағи 6 ҳазор доллар боздошт шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муфаттиш Т.Абдураҳимзода 6 ҳазор доллар пораро аз шахси гумонбар ба сохтакории ҳуҷҷатҳо гирифтааст, то ки ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накунад.

Ин амали ӯ дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ, ки рӯзи 27 январ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шудаанд, ошкор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, сармуфаттиш бевосита баъди гирифтани маблағи зикршуда аз шаҳрванд Х.А.О. бо далели шайъӣ дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолати мазкур нисбати Абдураҳимзода Т. бо аломатҳои таркиби ҷиноят дар моддаи 319 қисми 2 КҶ Тоҷикистон (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 5 ҳазору 475 то 12 ҳазору 775 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ё ҷазои зиндон ба муҳлати аз 3 то 7 сол бо маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Тавре қаблан зикр гардида буд, давоми соли 2023 аз ҷониби ҳамаи воҳидҳои агентӣ 2212 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии марбут ба коррупсия ошкор карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.