Ҷустуҷӯи Сафияхон идома дорад

Ҷустуҷӯи Сафияхон Раҳматова, духтараки 10-сола аз шаҳри Хуҷанд, ки ду ҳафта қабл бедарак шуд, идома дорад. Волидонаш мегӯянд, Сафияхон дар дарёи Сир ғарқ шудааст. Кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд ва субҳи имрӯз ба “Asia-Plus” гуфтанд, “дастур шудааст, ки ҷустуҷӯро ҷоннок кунанд ва духтаракро пайдо намоянд”. […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Ҷустуҷӯи Сафияхон Раҳматова, духтараки 10-сола аз шаҳри Хуҷанд, ки ду ҳафта қабл бедарак шуд, идома дорад. Волидонаш мегӯянд, Сафияхон дар дарёи Сир ғарқ шудааст. Кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд ва субҳи имрӯз ба “Asia-Plus” гуфтанд, “дастур шудааст, ки ҷустуҷӯро ҷоннок кунанд ва духтаракро пайдо намоянд”.

Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст. Дар навор дида мешавад, ки духтарак ба соҳили дарё меравад. Дигар аз ӯ дараке нест.

Имрӯз, 20-уми феврал, Мирзораҳим Абдуллоев, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд ба “Asia-Plus” гуфт, ки новобаста ба номусоидии ҳаво барои пайдо кардани духтараки бедаракшуда мутахассисони ботаҷриба ҷалб шудаанд ва ҷустуҷӯ идома дорад.

“Новобаста ба вазъи ҳаво, инак 14 рӯз мешавад, ки 8 ғаввос духтарчаи бедаракшударо ҷустуҷӯ доранд. Бориши барф албатта кори ғаввосонро душвор кард, аммо ҷустуҷӯ идома дорад. Ҳамчунин, супориш шудааст, ки духтаракро ҳарчи зудтар пайдо кунем, зеро атрофи ин қазия овозаҳои беасос бисёр мешаванд”, – гуфт Мирзораҳим Абдуллоев.

Қаблан Диловар Ҳамдамов, масъули матбуоти ин Ситод низ гуфта буд, ки то пайдо шудани духтараки бедаракшуда ҷустуҷӯро идома медиҳанд.

Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд гуфта буд, ки ғаввосони ин ниҳод бо назардошти эҳтимоли дар дарёи Сир ғарқ шудани Сафияхон, ҷустуҷӯро то сарҳади Ӯзбекистон идома додаанд, аммо духтаракро пайдо накардаанд.

Ҷамшед Кӯчаков гуфта буд, ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки духтарак дар дарёи Сир ғарқ нашуда бошад. Зеро ғайр аз навори ба соҳили дарё фаромадани духтарак, дигар далели ғарқ шудани ӯ дар даст нест.

Аммо волидони Сафияхон зикр мекунанд, ки духтарашон дар дарёи Сир ғарқ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова мақомоти дигар, аз ҷумла кормандони милитсия ва тафтишоти шаҳр ҳам ҳамроҳ шудаанд. Ҳамчунин, ихтиёриён ҳам духтараки гумшударо ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.