Бо муҷассамаи Рустаму Сӯҳроб. Дар Панҷакент боғи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Панҷакент боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд мешавад ва дар маркази он муҷассамаҳои қаҳрамонони “Шоҳнома” қомат меафрозанд. Дар ин бора аз шаҳрдории Панҷакент ба Азия-Плюс иттилоъ доданд.

Аз шаҳрдории Панҷакент гуфтанд, тибқи лоиҳаи ангоравӣ бунёди боғи Абулқосим Фирдавсӣ дар буриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳр пешбинӣ шудааст.

“Боғ дар масоҳати 7 ҳазору 600 метри мураббаъ бо тарҳи нав бунёд мешавад, ки ба назар чун асбоби мусиқии торро менамояд. Роҳрави асосии боғ бо паҳноии 8 метр ва дарозии 75 метр бо нақшу нигори миллӣ аз сангҳои ороишии ватанӣ гулчинӣ шуда, аз даромадгоҳи боғ то ба майдон тӯл мекашад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ афзуд, боғ аз майдони пазироӣ оғоз шуда, бинандагон тавассути дарвозаи баландияш 8 ва дарозии 14 метр, ки бо сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу ороиши миллӣ, намои муҷассамаҳои паҳлавонони достонҳои безаволи “Шоҳнома” бунёд мешаванд, ворид мегарданд.

Дар қисмати болои дарвоза навиштаҷоти “Боғи Абулқосим Фирдавсӣ” бо ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ ҳаккокӣ мешавад.

Дар лоиҳа бунёди майдони даврашакл бо ҳудуди 30 метр ва сутунҳои гаронҳаҷми болордор бо рӯпӯш аз сангҳои мармарини ватанӣ ба назар гирифта шудааст.

“Болотар аз майдони мазкур муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо баландии 5,5 метр қомат меафрозад. Баландии зерпояи муҷассама 6,2 метр буда, дар паҳноии 3,4 метр бо сутунҳои зебо бо тарҳи таърихӣ ва навиштаҷоти Абулқосим Фирдавсӣ бо ду забон пешбинӣ гардидааст”, – афзуд масъули шаҳрдории Панҷакент.

Ба гуфтаи ӯ, дар паси муҷассама деворнигораҳо бо баландии аз 2,5 то ва 3,5 метр бо дарозии 34 метр барелеф – нигораҳо аз намунаҳои саҳнаҳои достони безаволи “Шоҳнома” ва ашъори шоир дарҷ мешавад.

“Аз қисмати чапи муҷассама бошад, муҷассамае аз разми Рустам бо Сӯҳроб аз достони ҳамноми “Шоҳнома” гузошта, дар қисмати дигари боғ ду  ҳайкали  аспи саманд чун тимсоли аспи Рахш ва дигар аспони ҷангии дар ин асари безавол тасвиршуда, гузошта мешавад”, – иброз доҳт манбаъ.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, дар атрофи муҷассама фаввораҳои зебо бо нишастгоҳҳои чӯбину мармарин ва сӯҳбаткадаи бузурги мармарин барои қироати  “Шоҳнома”, яъне “Шоҳномахонӣ”, ба инобат гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, ӯ таъкид кард, дар лоиҳаи боғ ҳамчунин чароғпояҳои хурду бузург, шинонидани дарахтони ороишии ҳамешасабз, гулҳои мавсимӣ, курсиҳои нишаст, роҳравҳо, фаввораҳои хурди обнӯшӣ, даромадгоҳҳои хурди гулпӯш, қуттиҳои партов, гулдонҳо, панҷараҳои филизии иҳотавӣ, пандусҳо – роҳравҳои махсус барои одамони маҳдудҳаракат, обпошҳои худкор ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Масъулин ва муаллифони лоиҳа аз аҳли фарҳангу зиёи кишвар мехоҳанд, ки барои такмили ин лоиҳаи ангоравӣ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро ба шаҳрдории Панҷакент ё ширкати лоиҳакашии “Мусаввир” ироа кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...