Юсуфзодаро ба одамрабоӣ ва куштор муттаҳам карданд

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои подполковники ВКД Тоҷикистон Акмал Юсуфзода ҷазои 20 соли зиндон талаб кард. Юсуфзода ба рабудан ва қатли Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат айбдор мешавад. Адвокати айбдоршаванда ба талаби додситон розӣ нест. Ахиран Додгоҳи олӣ ба ширкати хабарнигори Радиои Озодӣ дар мурофиаи Акмал Юсуфзода иҷозат дод ва ин имкон фароҳам овард. Додситон […]

Asia-Plus

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои подполковники ВКД Тоҷикистон Акмал Юсуфзода ҷазои 20 соли зиндон талаб кард.

Юсуфзода ба рабудан ва қатли Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат айбдор мешавад. Адвокати айбдоршаванда ба талаби додситон розӣ нест. Ахиран Додгоҳи олӣ ба ширкати хабарнигори Радиои Озодӣ дар мурофиаи Акмал Юсуфзода иҷозат дод ва ин имкон фароҳам овард.

Додситон 23-юми феврал дар додгоҳ гуфт, сабаби сар задани ҳодиса, рашки Акмал Юсуфзода аз мукотибаҳои ҳамсараш бо омӯзгор Исмоил Раҳмонов аст. Ба гуфтаи додситон, афсар чанд бор навиштаҳои ҳамсарашро бо омӯзгор дар Фейсбук дида, ахириро огоҳ кардааст, ки дигар ба ҳамсари ӯ паёмҳои ошиқона нанависад. Ҳамсари ин афсар омӯзгори забони англисии Донишгоҳи тиҷорат аст ва ҳамкори Исмоил Раҳмонов буд.

Аммо наздикони Раҳмонов ин даъворо рад мекунанд ва мегӯянд, хешованди онҳо бо ҳамсари Юсуфзода танҳо ҳамкор буд ва миёни онҳо ягон робитаи дигар ҷой надошт. Ҳамсари Юсуфзода ба навиштаҳои Радиои Озодӣ дар Фейсбук посух надод. Зоҳиран, хулосаи додситон аз посухҳои афсари собиқи пулис ба тафтишот аст ва маълум нест, ӯ то куҷо самимӣ будааст.

Дар маводи парвандаи ҷиноӣ омадааст, ки Акмал Юсуфзода шаби 12-уми июни соли 2023, “бо нияти ҷазо додан”, Исмоил Раҳмоновро аз назди қурутобхонаи “Муслим”-и Душанбе рабуда, зӯран ба мошин савор кардааст. Баъди ин, ба гуфтаи додситон, афсар мошинро ба самти ноҳияи Айнӣ ронда, омӯзгорро бо дастони баста, дар яке аз ҷойҳои серталотуми дарёи Фон партофтааст.

Додситон изҳор доштааст, ки Акмал Юсуфзода ҳамчун зодаи вилояти Суғд медонист, ки дар километри 118-и роҳи Душанбе-Чаноқ дарёи Фон пурталотум аст ва “одам наҷот намеёбад”.

Аз ин рӯ, Юсуфзода натанҳо ба одамрабоӣ, балки ба куштор низ муттаҳам дониста мешавад.

Маъмулан, танҳо дар сурати пайдо шудани ҷасад мақомот ҳодисаро метавонанд куштор номанд. То ҳанӯз ҷасади омӯзгор пайдо нашудааст, вале маълум нест, бар асоси чӣ далел ҳодисаро куштор номидаанд.

Аз рӯи ду иттиҳом додситон барои ӯ ҷазои 20 соли зиндонро талаб кард. Акмал Юсуфзода то вақти боздошт, сардори Шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байнулмилалии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта буд.

Адвокати Акмал Юсуфзода дар додгоҳ гуфт, афсар нияти куштани омӯзгорро надошт ва танҳо мехост аниқ кунад, ки миёни ҳамсари ӯ ва Исмоил Раҳмонов чӣ робита аст. Аммо вакил барои исботи гуфтааш далели қавӣ пеш наовард. Вай аз додгоҳ танҳо хост, дар вақти таъини ҷазо, ду фарзанди ноболиғ доштан ва ҳамчунин хидматҳои Акмал Юсуфзодаро дар мақомоти корҳои дохилӣ ба назар гирад.

Ин ҳафта худи Юсуфзода сухани охиринашро дар додгоҳ баён мекунад ва баъди он, ҳукм бароварда мешавад.

Ба ҷуз Акмал Юсуфзода, дар курсии айбдорӣ хешованди ӯ Исмоилҷон Шукуров низ нишааст. Додситон дар додгоҳ гуфт, Шукуров шаби ҳодиса бевосита дар рабудани омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат ширкат дошт. Ду вакили дифоъ аз ҳаққи Исмоилҷон Шукуров дар додгоҳ ҳимоят карданд.

Онҳо гуфтанд, Шукуров аз нияти Акмал Юсуфзода қаблан огоҳӣ надошт ва фикр кардааст, ки дар рабудани кадом ҷинояткор ба афсар ёрӣ медиҳад. Вакилони дифоъ гуфтанд, мақомот Исмоилҷон Шукуровро дар аввали боздошт шиканҷа ва ғайриқонунӣ аз ӯ баёнот гирифтаанд.

Додситон инро рад кард ва барои Исмоилҷон Шукуров аз додгоҳ 12 соли зиндон хост. Аз ҳарфҳои додситон ва вакилони дифоъ ҳамин чиз рӯшан шуд, ки Исмоилҷон Шукуров дар вақти рабудани омӯзгор, ҳамроҳи Акмал Юсуфзода буд ва дар мошини ӯ то нақби “Истиқлол” рафтааст.

Адвокатҳо дар додгоҳ батакрор гуфтанд, ки Исмолиҷон Шукуров аз нияти афсар хабар надошт ва барои ҳамин гунаҳкор кардани ӯ ба одамрабоӣ нодуруст аст. Онҳо гуфтанд, ин нафар бояд танҳо барои хабар надодан дар бораи ҷиноят гунаҳкор дониста шавад.

Парвандаи рабудани омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат баъди шаш моҳи таҳқиқ, охири январ ба Додгоҳи олӣ расида буд.

Исмоил Раҳмонов зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) буда, дар кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷорат кор мекард. 38-сола ва соҳиби чор фарзанд буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.