Иштироки 270 нафар ҷавонони тоҷик дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон дар Русия

Дар Фестивали ҷавонон дар Русия 270 нафар аз Тоҷикистон, аз ҷумла блогерон, овозхонҳо ва варзишгарон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, миёни иштирокчиён ҳамчунин 30 нафар кӯдакон ҳам ҳузур доранд. “Номзадҳо тариқи озмуни махсуси онлайн интихоб шуда, дар натиҷа барои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Фестивали ҷавонон дар Русия 270 нафар аз Тоҷикистон, аз ҷумла блогерон, овозхонҳо ва варзишгарон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, миёни иштирокчиён ҳамчунин 30 нафар кӯдакон ҳам ҳузур доранд.

“Номзадҳо тариқи озмуни махсуси онлайн интихоб шуда, дар натиҷа барои иштирок дар ин чорабинӣ зиёда аз 2,8 ҳазор нафар худро ба қайд гузоштанд”, – иброз дошт манбаъ.

Сафари ҳайати Тоҷикистон рӯзҳои 28 ва 29 феврал ба нақша гирифта шудааст. Фестивал аз 1 то 7 март баргузор мешавад.

Дар Фестивал зиёда аз 20 ҳазор ҷавонони пешсафу муваффақ дар соҳаи тиҷорату расонаҳо, илму маориф, варзиш ва ғайра гирдиҳам меоянд.

Ҳадафи Фестивал дарёфти роҳҳои ҳамдигарфаҳмӣ сарфи назар аз миллату андешаҳои сиёсӣ ва махсусиятҳои фарҳангӣ унвон шудааст.

“Фестивал як таҳкурсие барои дӯстӣ ва ғанисозии мутақобилаи фарҳангӣ, инчунин расму оинҳои халқҳои гуногун хоҳад шуд”, – зикр карданд дар Кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.