Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли ширу гӯшт афзудааст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар моҳи аввали соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 4,5% афзуд, ба ҷуз гӯшти мурғ ва тухм, ки 10 кам шуд.

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи январи соли 2024-ро дар бахши кишоварзӣ нашр кард. Ба иттилои Агентӣ, ҳаҷми маҳсулоти дохилии кишоварзӣ дар моҳи январ 1 млрд 19,6 млн сомониро ташкил додааст, ки 4,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Аз он ҳаҷми маҳсулоти чорводорӣ ба 1 млрд 8,2 млн ва растаниправарӣ – ба 8,4 млн сомонӣ баробар шудааст.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи аҳолӣ 74,5%, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ – 18,8% ва хоҷагиҳои деҳқонӣ – 6,7%-ро ташкил медиҳад.

Дар бахши растанипарварӣ дар гармхонаҳо 483 тонна сабзавот парвариш ёфтааст, ки 19,8% зиёдтар нисбат ба моҳи аввали соли 2023 мебошад.

То 1 феврал дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 55 ҳазор тонна тухмии ғалладона ва лӯбиёгӣ, аз ҷумла 47,6 ҳазор тонна гандум захира шудааст. Захираи тухмии картошка зиёда аз 79 ҳазор тонна ва тухмии пунбадона – зиёда аз 17,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Дар анбору сардхонаҳо (бидуни назардошти захираҳои Агентии давлатии захираҳои моддӣ) зиёда аз 8,5 ҳазор тонна гандум, 2,7 ҳазор тонна картошка, зиёда аз 8 ҳазор тонна сабзавот ва ҳудуди 1,5 млн зарфи (банкаи) шартии маҳсулоти консерва нигаҳдорӣ мешаванд.

Моҳи январи соли 2024 дар бахши чорводорӣ истеҳсоли гӯшт 10,4% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шуда, 15,3 ҳазор тонна вазни зиндаро ташкил дод.

Истеҳсоли шир 5% афзуда, ба 63,8 ҳазор тонна баробар шуд.

Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли гӯшти мурғ 11% (ҳудуди 3,4 ҳазор тонна) ва истеҳсоли тухм 10% кам шуда – 88,2 млн донаро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 96 млн дона тахми мурғ истеҳсол шуда буд.

Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2023 содироти  маҳсулоти чорводорӣ, асосан маҳсулоти ширу гӯшт 22,5 баробар афзуда, зиёда аз 1,3 млн долларро ташкил дод.

Содироти нахи пахта  2,2 баробар зиёд шуда, ҳудуди 22,4 млн долларро ташкил дод.

Ҳамчунин воридоти маҳсулоти чорводорӣ ба андозаи 25% афзуда, зиёда аз 4,2 млн долларро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...