Созиши оташбас миёни Ҳамос ва Исроил наздик аст?

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар умури иртиботот дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, ки Амрико, Миср, Қатар ва Исроил дар бораи шартҳои умумии тавофуқ дар бораи раҳоии гаравгонҳо ва оташбаси муваққат дар Ғазза ба созиш расиданд. Дар ин бора Би-би-сӣ хабар медиҳад. Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфтааст, ки музокирот ҳанӯз […]

Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар умури иртиботот дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии CNN гуфтааст, ки Амрико, Миср, Қатар ва Исроил дар бораи шартҳои умумии тавофуқ дар бораи раҳоии гаравгонҳо ва оташбаси муваққат дар Ғазза ба созиш расиданд. Дар ин бора Би-би-сӣ хабар медиҳад.

Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфтааст, ки музокирот ҳанӯз идома дорад ва Қатару Миср бояд бо Ҳамос ба таври ғайримустақим музокира кунанд.

Аммо дар ҳамин ҳол, ба гузориши расонаҳо артиши Исроил тарҳеро ба кобинаи ҷангии ҳукумати ин кишвар ироа кардааст, то мардуми осоиштаи Фаластиниро аз Рафаҳ, ҷанубтарин шаҳри Ғазза кӯчонад. Ин пешниҳод пас аз он садо дод, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, бо вуҷуди нигарониҳои шадиди ҷаҳонӣ аз вазъи тақрибан 1,5 миллион нафаре, ки дар Рафаҳ паноҳ бурдаанд, таъкид кард, ки ба ҳамлаҳои низомӣ идома хоҳад дод.

Нетаняҳу таъкид кард, ки ин амалиёти низомӣ метавонад дар тӯли чанд ҳафта кишварашро ба “ғалабаи комил” алайҳи Ҳамос расонад. Ӯ изҳороти худро пас аз нашри гузоришҳо дар бораи он, ки миёнаравҳои байнулмилалӣ дар Порис талош доранд, чаҳорчӯба барои хатми ҷанг ва раҳоии гаравгонҳо эҷод кунанд, баён кард.

Ин дар ҳолест, ки Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед  ҳамчунин гуфтааст, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, аз тарҳи Исроил барои интиқоли беш аз як миллион паноҳҷӯёни фаластинӣ аз Рафаҳ ба манотиқи дигари Ғазза хабар надорад.

\Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.