Аз нопадид шудани Сафияхон 20 рӯз гузашт. Падари духтарак аз паҳн шудани овозаҳо нигарон аст

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Пас аз 20 рӯз аз нопадид шудани Сафияхон Раҳматова, духтараки 10-сола аз шаҳри Хуҷанд, корҳои ҷустуҷӯӣ ҳамоно идома дорад. Падари духтараки нопадидшуда аз паҳн шудани ҳар гуна овозаҳо дар атрофи қазияи духтараш нигаронӣ мекунад. Роҳбари Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода таъкид мекунад, ки новобаста ба вазъи ҳаво, ҷустуҷӯи Сафияхон идома дорад.

Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст. Дар он навор мушоҳида мешавад, ки духтараке дар канори роҳ медавад ва ба соҳили дарёи Сир мефарояд. Пас аз ин, Сафияхон нопадид мегардад.

Бо гузашти 20 рӯз аз ин ҳодиса, Саидаъзамхон Раҳматов, падари Сафияхон Раҳматова ба “Asia-Plus” гуфт, духтарашро ғаввосони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Хуҷанд, мақомоти дигари дахлдор ва ҳатто ихтиёриён ҷустуҷӯ доранд, аммо аз ӯ дараке нест.

Ӯ овозаҳо дар бораи ҷалби ғаввосон аз хориҷаро рад карда, зикр намуд, ки аз паҳн шудани чунин хабарҳо нигарон аст.

“Ба тақдир тан додам… Аз паҳн шудани ҳар гуна овозаҳо дар атрофи қазияи духтарам нигаронам. Мо аз хориҷа ғаввос наовардем. Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру вилоят ҷустуҷӯро давом медиҳанд”, – гуфт Саидаъзамхон Раҳматов.

Мирзораҳим Абдуллоев, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки 8 ғаввоси дастаи зудамал аз бахши шаҳрӣ ва вилоятӣ ҳатто новобаста ба вазъи ҳаво Сафияхонро ҷустуҷӯ доранд. Ӯ ҳам таъкид кард, ки аз хириҷа ғаввос ҷалб нашудааст.

“Бори дигар таъкид мекунам, ки ҷустуҷӯро то пайдо шудани Сафияхон идома медиҳем. Беҳтарин мутахассисон ҷалб шудаанд”, – гуфт Мирзораҳим Абдуллоев.

Қаблан Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд гуфта буд, ки ғаввосони ин ниҳод ҷустуҷӯро дар дарёи Сир то сарҳади Ӯзбекистон идома додаанд, аммо духтаракро пайдо накардаанд.

Он замоне Ҷамшед Кӯчаков гуфта буд, ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки духтарак дар дарёи Сир ғарқ нашуда бошад. Зеро ғайр аз навори ба соҳили дарё фаромадани духтарак, дигар далели ғарқ шудани ӯ дар даст нест.

Аммо волидони Сафияхон зикр карда буданд, ки духтарашон дар дарёи Сир ғарқ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова мақомоти дигар, аз ҷумла кормандони милитсия ва тафтишоти шаҳр ҳам ҳамроҳ шудаанд. Ҳамчунин, ихтиёриён ҳам духтараки гумшударо ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...